Кафедраи «ИЗ, АваТ» раванди таълимиро дар факултаҳои «Сохтмон ва меъморӣ» ва «Менеҷмент ва коммуникатсионӣ нақлиётӣ» ба дувоздаҳ ихтисос:
- 700201-06-сохтмони шахтаҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ;
- 700201-Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
- 700201-05-Лоиҳакашии бино ва иншоотҳо;
- 700101- Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ;
- 700402-01- Системаи таъмини газу-гармӣ ва ҳавотозакунӣ;
- 700403-01- Системаҳои таъмини об ва обпартовҳо;
- 700403-04- Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- 560202-Геодезия ва харитасозӣ;
- 700202-Ташхис ва идораи амволи ғайриманкул;
- 1-700301-01-Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо;
- 1-700302-04-Купрукҳо ва гузаргоҳҳои зерезамини нақлиётӣ;
- 370205-Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо
дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона ва инчунин бо фанҳои зерин таъмин менамояд:
- Геологияи умумӣ
- Гидрогеология ва геологияи мухандисӣ
- Хокшиносӣ ва механикаи заминҳо
- Асос ва тахкурсиҳо
- Асос ва таҳкурсиҳои иншоотҳои наклиётӣ
- Асос ва таҳкурсиҳои иншоотҳои биноҳои кӯҳи-техникӣ
- Курси махсуси асос ва таҳкурсиҳо дар хокҳои фурураванда
- Курси махсуси асос ва таҳкурсиҳои биноҳои таҷдидшаванда ва деформатсияшуда
- Механикаи ҷинсҳои кӯҳи ва фишори куҳӣ
- Асосҳои корҳои куҳӣ
- Геодинамика
- Геомеханика
- Сохтмони шахтаҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ
- Технология ва бехатарии корҳои таркониш
- Курси махсуси усулҳои махсуси сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ.
Дар назди кафедра утоқҳо ва озмоишгоҳи зерин фаъолият мекунанд:
- Кабинети «Геологияи мухандисӣ»
- Кабинети «Лоиҳакашии иншоотҳои зеризаминӣ, асос ва тахкурсихо»
- Озмоишгоҳи «хокшиноси, механикаи заминҳо ва ҷинсҳои кӯҳи»
Ташкилёби ва инкишофи кафедра бевосита бо таърихи ташкилёбию инкишофи донишгоҳ ва тайёр намудани кадрҳои муҳандиси-сохтмони барои ҷумҳури пайваста буда, ташаккул ёфтааст.