Aliev

Алиев  Ҷамшед  Насриддинович

мудири кафедра,номзади илмҳои техникӣ, дотсент

+(992)-907-90-96-00   

Кафедраи «Нақшакашии муҳандисӣ» барои омодасозии графикӣ донишҷӯёни 82 ихтисоси донишгоҳро  таъмин менамояд.

Курси нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ унсурҳои геометрияи тасвирӣ (асосҳои назариявии сохтани нақшаҳои объектҳои геометрӣ), нақшакашии техникӣ (тартиб додани нақшаҳои таҷҳизотҳо дар асосӣ ГОСТ ва хондани онҳо), инчунин унсурҳои  графикаи компютериро дар бар мегирад, ки ба донишҷӯ фаҳмишро оиди графикаи компютерӣ, нақш ва аҳамияти он дар ҷомеаи муосир фароҳам меоварад.

Кафедраи «Нақшакашии муҳандисӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои рушди малакаи муҳандисӣ ва эҷодии донишҷӯён усулҳои замонавии раванди таълимро мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз тарафи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст бо истифодаи барномаҳои графикии Auto CAD ва КОМПАС-3D ба роҳ мондааст. Дар курси нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ муқаррароти асосии геометрияи тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ  дида баромада шудааст. Диққати кофӣ ба татбиқи нақшаҳои махсусгардонидашуда ва умумимуҳандисӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои компютерии муосир дар муҳити автоматикунонидашудаи лоиҳакашии AutoCAD ва КОМПАС-3D диққати махсус дода мешавад. Дар кафедра барои 82 ихтисоси донишгоҳ диққати махсус ба рушд ва иҷроиши ҳуҷҷатҳои конструкторӣ  (схемаҳои барқӣ, намудҳои васлӣ ҷузъҳо, хондани нақшаҳои умумӣ, иҷроиши нақшаҳои корӣ, кор бо адабиётҳо) ҷудо карда шудааст.

Гарчанде кафедра дар донишгоҳ умумитехникӣ ба ҳисоб равад ҳам, пояи асосии фаннҳои муҳандисиро дар бар гирифта, шоҳсутуни ихтисосҳои муҳандисӣ ба шумор рафта, фаъолияти ояндаи хатмкунандагони равияҳои муҳандисиро таъмин менамояд.