Соли 1957 дар факултети Сохтмони институти политехникии Тоҷикистон кафедраи “Конструксияҳои сохтмонӣ ва масолеҳҳо” ташкил карда шуд, ки дар он фанҳои техникӣ ва конструкторӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин якҷоя карда шуданд: 1202 (ССваШ), 1209 (ОваО) ва 1207 (Истеҳсоли конструксияҳои оҳанубетонӣ ва маводҳо). Аз соли 1957 то 1961 н.и.т., дотсент Тартаковская Маргарита Марковна мудирии кафедраро ба уҳда доштанд. Аз соли 1961 то 1970 мудирии кафедраро устоди болаёқат, мухандиси боистедод, дотсент, сохтмончии хизматнишондодаи ҶСС Тоҷикистон Вавилова Софя Алексеевна ба уҳда доштанд.
Кафедраи Конструксияҳои сохтмонӣ ва маводҳоро ҳамчун сарчашмаи дар оянда пайдошавии кафедраҳои умумиихтисосии факултети Сохтмони институти политехникии Тоҷикистон шуморидан мумкин мебошад: Бообтаъминкунӣ ва обихроҷӣ (1958), Меъморӣ (1964), Конструксияҳои оҳанубетонӣ (1968), Геодезияи мухандисӣ ва механикаи хокҳо (1974), Механикаи сохтмонӣ (1974).
Аз соли 1971 то 1999 ба кафедраи Конструксияҳои сохтмонӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсентон Ҷураев Г.Г. ва Раҳмонов Р.Р. роҳбари намуданд. Аз ташкилёбии кафедра роҳбарии онро олимони варзида, номзади илмҳои техникӣ, ботсентон Исхаков Я.Ш., Голубев М.Н., Усманов А.У., Рузиев А.Р. ба уҳда доштанд. Вобаст бо камтар гардидани шумораи донишҷуён аз соли 1996 кафедраҳои Конструксияҳои сохтмонӣ ва Конструксияҳои оҳанубетонӣ, асос ва таҳкурсиҳо якҷоя гардиданд ва кафедраи Конструксияҳои сохтмониро ташкил намуданд ва онро то соли 2001 дотсентон Раҳмонов Р.Р. ва Нумонов О.Р. роҳбари намуданд. Дар соли 2001 дар асоси ин кафедра ва кафедраи “Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоот” кафедраи нави “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” ташкил карда шуд ва мудирии онро д.и.т., профессор Низомов Ҷ.Н. ба уҳдаи худ гирифт ва кафедра тайёр намудани мухандисонро аз руйи ихтисоси 2903 (ССШ) оғоз намуд. Дар соли 2004 бо зиёд гардидани шумораи донишҷуёни ихтисоси ССШ боз тақсимшавии кафедраҳо амалӣ гардид. Дар соли 2005 аз кафедраи ССШ кафедраи “Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоот” ҷудо карда шуд ва мудирии онро н.и.т., дотсент Негматов Т.О. ба уҳдаи худ гирифт. Ба кафедраи Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ н.и.т., дотсент Шарипов Л.Ш. мудир таъин карда шуд.
Аз рузи аввали ташкилёбии кафедра фаъолияти худро ба баланд бардоштани корҳои хониши, таълимӣ, методӣ ва илмию тадқиқотӣ равона намуд. Дар давраи фаъолияти кафедра зиёда аз 4000 мухандисони баландихтисоси соҳаи сохтмон аз руйи ихтисоси Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ тайёр намуда ба сохтмон равона намуд, ки зиёда аз 200 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷи мебошанд. Зиёда аз 30 нафар хатмкардагони кафедра хониши худро дар аспирантураи донишкада ва донишгоҳҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Россия, Украина ва дар худи ИПТ давом доданд ва рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.
Аз соли 2012 мудирии кафедраро н.и.т., дотсент Ҳамидов К.А. ба уҳдаи худ гирифт. Аз соли таҳсили 2013/2014 факултети Сохтмон ва меъморӣ ба бинои нав кучонида шуд ва 1 сентябри соли 2013 дар толори факултет, баъди ифтитоҳи он Асосгузори сурҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳро гузарониданд. Дар бинои нав ба кафедраи ССШ ду озмоишгоҳи калон бо масоҳати зиёда аз 400 м2, полигон озмоишгоҳ ва чор аудиторияи дарсгузаронӣ ҷудо карда шуд. Ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави факултет дар озмоишгоҳҳои кафедра намунаҳои таълимии конструксияҳои оҳанубетонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар озмоишгоҳҳо дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва озмоишӣ гузаронида мешаванд. Ҳамаи устодони кафедра аз рузҳои аввали ташкилёбӣ бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд:
муайян намудани қобилияти борбардории конструксияҳои пулҳо (роҳбари илмӣ дотсент Вавилова С.А. ва н.и.т., дотсент Ҷураев Г.Г);
таҳқиқ ва санҷиши конструксияҳо ва иншоот (роҳбари илмӣ н.и.т., дотсент Раҳмонов Р.Р.);
тадқиқотҳои назариявии қобилияти борбардории ҷилдҳои тунукдевори фазоӣ аз оҳанубетонӣ яклухт (роҳбари илмӣ н.и.т., дотсент Исхаков Я.Ш.);
тадқиқотҳои зилзилатобоварии биноҳои истиқоматӣ (роҳбари илмӣ н.и.т., профессор Исхаков Я.Ш. ва н.и.т., дотсент Шарипов Л.Ш.);
ҳисобҳо, лоиҳакашӣ ва истифодаи ҷилдҳои яклухт ба амалияи сохтмони Тоҷикистон (роҳбари илмӣ н.и.т., профессор Исхаков Я.Ш.);
тадқиқотҳои илмии унсурҳои синҷи беболор барои биноҳои истиқоматӣ ва ҷамиятии бисёрошёна (роҳбарони илмӣ н.и.т., профессор Исхаков Я.Ш., н.и.т., дотсент Шарипов Л.Ш.):
тадқиқотҳои назариявии зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот (роҳбари илмӣ д.и.т., профессор Низомов Ҷ.Н., д.и.т., дотсент Ҳоҷибоев А.А.).
Аз тарафи олимони кафедра зиёда аз 10 монография, зиёда аз 200 ҳисоботҳои корҳои илми тадқиқотии буҷавӣ нависта шудаанд, зиёда аз 100 дастурҳои методӣ, воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ ва руси аз чоп бароварда шудаанд, ки аз онҳо бевосита донишҷуён дар иҷро намудани корҳои озмоишию амалӣ, курсию дипломӣ истифода менамоянд. Дар ин давра аз тарафи олимон ва устодони кафедра зиёда аз 1200 мақолаҳои илмӣ, тезисҳо ва дигар маводи илми аз чоп бароварда шудаанд ва дар конфронсҳои илмию амалии байналмилалию ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Устодони кафедра барои ҳамаи ихтисосҳои сохтмонии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ аз руйи фанҳои техникӣ ва тахассусӣ дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва озмоишӣ мегузаронанд:
Конструксияҳои оҳанубетонӣ ва сангин;
Конструксияҳои филизӣ;
Конструксияҳои чубин ва пластмасс;
Конструксияҳои сохтмонӣ;
Конструксияҳои биноҳои куҳи техникӣ;
Таҷдид ва санҷиши биноҳо ва иншоот;
Конструксияҳои биноҳо аз оҳанубетонӣ яклухт;
Зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот;
Механикаи сохтмонӣ;
Назарияи чандирӣ;
Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия;
Методологияи корҳои илми тадқиқотӣ;
Моделсозии математикӣ;
Муқаддимаи ихтисос;
Сохтмони биноҳо ва иншоот дар минтақаҳои зилзиладор;
Этикаи касбӣ.
Дар кафедра се доктори илм, шаш номзадҳои илм кор ва фаъолият менамоянд. Ҳамаи устодони кафедра бо корҳои илми тадқиқотӣ машғул мебошанд. Дар кафедра ду мавзуи буҷетӣ иҷро карда мешавад.
Кафедра аз рӯи ихтисоси 700201 – “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” Муҳандис-сохтмончиёни сатҳи гуногун: бакалавр, мутахассис ва магистр тайёр менамояд. Докторантони PhD ва аспирантон низ дар зери роҳбарии олимони кафедра дар ҷодаи илм пурсамар кору эъҷод мекунанд. Ихтисоси номбурда дар Донишгоҳ аз ихтисосҳои озмунитарин ва аз ҳама сершумор буда, яке аз ихтисосҳои муҳимтарин ва гуногунҷабҳаи хоҷагии халқ аст ва сохтмони биноҳо ва иншоотҳо вазифаи касбии хатмкардагони ҳамин ихтисос мебошад. Ин, албатта, боиси фахр аст, вале, дар зерманзари он, масъулияти хеле баланд ҷойгир шудааст.