Саидӣ Дилафрӯз Рабизода
директор, номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 58 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст. Таъсиси Донишкада дар асоси ҳамҷояшавии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардонида шуд.
Аз соли 2010 то ноябри соли 2014 Мақсудов А.Т., аз ноябри соли 2014 то апрели соли 2015 Мансурова Д.С. донишкадаро сарварӣ кардаанд. Аз апрели соли 2015 директори донишкада Сангинова Д.А. мебошанд.
Донишкада аз рӯи ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ — 19 ихтисоси бакалавриат (3 ихтисос бо таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ), 16 ихтисоси магистратура, 8 ихтисоси докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), инчунин 11 ихтисоси аспирантура, 2 ихтисоси докторантура ва 11 равияҳои курсҳои кутоҳмӯддати омӯзишии касбӣ иҷозатнома дошта, ҳамасола ба ҳисоби миёна 750 – 800 муҳандисон, иқтисодчиён ва технологҳои салоҳиятнокии касбиашон баландро тайёр мекунад.
Дар 4 факултети донишкада дар охири соли 2015 теъдоди донишҷӯёну магистрантон ва докторантон ба 3700 расида, ба онҳо 180 омӯзгор дарс медиҳанд ва ба онҳо 160 кормандон барои ташкили раванди таҳсил ёрӣ мерасонанд. 45 дарсади омӯзгорон дараҷаву унвони илмӣ дошта, фоизи ҷавонии омӯзгорони унвондори донишкада дар ҷумҳурӣ баландтарин аст.
Факултети информатика ва энергетика ба тайёркунии муҳандисону олимони соҳаҳои таъмини барқ, энергетикаву электроника, телекомуникатсияву таъминоти барномавии компютерӣ машғул буда, дар факултети сохтмон ва нақлиёт муҳандисони сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, хизматрасонии автомобилӣ ва ташкили ҳамлу нақл дар нақлиёт, меъморон ба воя мерасанд, Факултети муҳандисӣ – технологӣ технологҳои баландихтисосро ҳамчун агротехнологи хоҷагиҳои деҳқонӣ, моделер – конструктор ва ташкилотчии соҳаи маҳсулоти дӯзандагӣ, технолог – ташкилотчии серсоҳаи саноати хӯрокворӣ тайёр мекунад. Ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд иқтисодчиёни тайёркардаи факултети муҳандисӣ – иқтисодиро ба кор дар навбати аввал мегиранд.
Ташкилшавии донишкада ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ рост омад ва раёсати донишкада бо роҳбарии Мақсудов А.Т. кори худро аз таҳия ва амалигардонии нақшаву стандартҳои касбии ихтисосҳо бо ворид гардонидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ ва иҷрои ҳаматарафаи талаботи низоми кредитии таҳсилот оғоз кард. Дар натиҷа зери назорат ва ёрии мутахассисони барҷаста Мақсудов А.Т., Ғаниев М.Ғ., Мақсудов Х.Т., Холматов Т.Ё. барои ҳамаи ихтисосҳо стандартҳову нақшаҳои таълим, силлабусҳои фанҳо мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ бо дараҷабандӣ аз рӯи таксономияи Блум, нишон додани натиҷаи таҳсил нисбати ҳар як фан ва ихтисос дар асоси истилоҳи салоҳиятнокии касбӣ коркард шуда, истифодаи онҳо шурӯъ гардид.
Амалигардонии ин нақшаҳову стандартҳо бе пайдо ва ҷорикунии моделҳои гуногуни тарбияи мутахассисон ва сифатан такмил бахшидани низоми таҳсилот номумкин буд ва дар донишкада бо роҳбариву назорати шахсони алоҳида ва меҳнати пурмаҳсули аҳли коллектив низоми дохилидонишкадавии кафолати сифат (Мақсудов А.Т., Мақсудов Х.Т., Султонова Р.М., Сангинова Д.А., Акрамова З.Б.), системаи иттилоотии идоракунии донишкада дар асоси технологияҳои интернет (Мақсудов А.Т., Мақсудов Х.Т., Солиев П.А., Солиев О.М.) , низоми доимоамалкунандаи такмили ихтисоси омӯзгорон сохта шуда, маркази тестӣ (Мақсудов А.Т., Сангинова Д.А.), маркази бақайдгирӣ, маркази банақшагирии стратегӣ ва идораи сифат
ташкил шуданд ва ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаи электрониву проекторҳо, озмоишгоҳҳои мавҷуда бо таҷҳизоти замонавӣ мутобиқи талаботи нави фанҳои техникиву технологӣ таъмин гашта (Мақсудов А.Т., Асатуллоев И.А., Муҳиддинов Ф.Э.), 6 озмоишгоҳҳои нав (Фатҳиддинов Б.Р., Раҳимов О.С., Аминов Ф.А., Акрамов А., Сайфуллоев Т.Х., Мамуров М.) ба истифода дода шуданд. Ҳамаи биноҳои таълимии донишкада бо дегхонаҳои гармидиҳанда барои мавсими зимистон, системаҳои электрониии назорати воридшавӣ ба бино таъмин гашта, дар ҳамаи синфхонаҳову озмоишгоҳҳо ва роҳравҳои дохили биноҳо камераҳои назоратӣ шинонида шуданд. Соли 2014 як бинои нави таълимӣ сохта шуд ва донишкада ташкили раванди таълимро танҳо дар як баст оғоз кард. Таъмири хобгоҳи донишкада асосан ба итмом расонида шуда, шароити зиндагонии он ба стандартҳо пурра ҷавобгӯ мебошад.
Низоми дохилидонишкадавии кафолати сифат ва системаи иттилоотии идоракунии донишкада таълими фанҳо, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, иҷроиши рисолаи хатмро ба пуррагӣ зери назорати худ гирифтанд. Сифати силлабусҳои фанҳо, маводҳои имтиҳонӣ барои маркази тестӣ, тарзи дарсгузарии омӯзгорон ва ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён бо роҳи ҷорикунии назорати экспертӣ, низоми баҳогузории ҳаррӯза ва ҳавасмандкунанда дар системаи иттилоотӣ, пурсиши мунтазами ҳарсеместраи ҳамаи донишҷӯён (бемуайянкунии шахсияти онҳо) аз рӯи ҳамаи фанҳо ва дар ҳар гурӯҳ, коркарди натиҷаҳои пурсиш бо истифодаи технологияҳо ва таҷҳизоти муосири компютерӣ , имтиҳони маъмурии новобаста аз омӯзгори дарсдиҳанда, қайди ҳаррӯзаи давомоти донишҷӯён дар системаи иттилоотӣ ҳам аз тарафи омӯзгор ва ҳам аз тарафи нозирони маркази бақайдгирӣ назаррас баланд гардид.
Таъминоти барномавии системаи иттилоотии идоракунии донишкада ва маркази тестӣ, шабакаи компютерии донишкада ба пуррагӣ аз тарафи кормандону донишҷӯён бе ҷалби мутахассисони берун сохта шуданд ва эътирофи беназирии система аз тарафи намояндагони ҳамаи макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ нишон дод, ки ҳақиқатан дар тайёркунии кадрҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ – комуникатсионӣ донишкада ба дараҷаи байналхалқӣ расидааст.
Маркази тестии донишкада аз соли 2010 якумин шуда дар ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи фанҳои ҳатмии ҳамаи ихтисосҳо имтиҳоноти марказонидашудаи аз омӯзгорони дарсдиҳанда новобастаро бо истифодаи технологияҳо ва таҷҳизоти телекомуникатсиониву компютерӣ ташкил кард ва ин имконият дод, ки натиҷаҳои ниҳоии ҳар як фан зери назорати сифатӣ гирифта шавад. Барои базаи маълумотии электронии марказ то соли 2015 аз тарафи омӯзгорон тестҳои оддӣ – 60700, масъалаҳои детонатсияшаванда – 29990, тестҳои мувоффиқоварӣ – 17624, масъалаҳои комплексӣ – 1845, қонунҳо ва коидаҳои асосӣ – 19763, мавзӯъҳои эссе – 9646, супоришҳои эчодӣ – 258 воҳид коркард шудаанд ва истифода мешаванд.
Донишкада якумин дар ҷумҳурӣ иҷозатномаро барои таҳсилоти фосилавӣ гирифтааст ва ҳоло дар 4 курс аз рӯи 3 ихтисос 187 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли 2015 барои васеъ кардани таҳсилоти фосилавӣ воҳиди сохтории махсус маркази таҳсилоти фосилавӣ ташкил карда шуд.
Дар донишкада аз рӯи 14 мавзӯъҳои илмиии ба 6 самтҳои илмӣ вобаста корҳои илмӣ – тадқиқотӣ гузаронида мешаванд.
Дар давоми 5 сол дар донишкада 11 конфронси бонуфузи дараҷаи байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои илмӣ бо чопи маҷмааи мақолаҳо гузаронида шуданд. Устодони донишкада зиёда аз 347 мақолаҳои хешро дар маҷалаҳои аз тарафи КАО Россия тасдиқшуда ва хориҷи кишвар чоп намудаанд. Дар 5 соли фаъолияти донишкада як рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ аз тарафи устодони ҷавон ҳимоя карда шудааст.
Миқдори умумии патентҳои ихтироотӣ ва сертификатҳои зеҳнии омӯзгорону донишҷӯён ба 97 расида, аз он 30 — тоаш барои сохтани системаи иттилоотии идоракунии донишкада гирифта шудааст.
Дар кафедраҳои донишкада 24 маҳфили илмӣ – тадқиқотии донишҷӯён амал мекунад. Дар 10 дарсади мавзӯъҳои корҳои курсӣ ва 20 дарсади мавзӯъҳои рисолаҳои хатм бевосита масъалаҳои самтҳои илмӣ – тадқиқотии кафедраҳо инъикос гардидаанд. Инчунин дар донишкада ҳар сол ду маротиба озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ байни донишҷӯён гузаронида мешаванд.
Донишҷӯёни донишкадаи мо дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ва олимпиада барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онҳо ҳар сол баргузор мегарданд, иштирок намуда 21 ҷои аввал, 23 ҷойи дуюм ва 38 ҷойи сеюмро ишғол намудаанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар самти нерӯ бахшидан ба фаъолияти тарбиявӣ бо роҳи ташкили чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, тарғиби ғояҳои милливу ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамаҷониба саъй меварзад.
Дар байни донишҷӯён озмунҳои гуногун гузаронида мешавад, ки тарғиби касбу ҳунар, омӯзиши илм, такмили ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстӣ мазмуни асосиро ташкил медиҳад. Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ чорабинии тантанавӣ доир мегардад, ки дар он намоиши саҳнаҳои тарбиявӣ, рақсу сурудҳои ҷашнӣ, баромади дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони донишкада, ҳунарнамоии ҳофизони ҷавону умедбахш шаҳомати тоза ва шукӯҳи идона бахшида, хаёти фархангиву фароғатии донишҷӯёнро бой мегардонад. Бо мақсади пурзӯр намудани тарбияи хештаншиносии донишҷӯён дар донишкада дар давоми сол вохӯрӣ бо аҳли адаб, шоирону нависандагон, олимони соҳаҳои гуногун баргузор мегардад.
Ташриф ба театр, китобхонаву осорхонаҳо яке аз роҳҳои муассири ошноӣ бо таърихи ниёгон ва бо ин восита дар донишҷӯён ташаккул додани ғояи миллӣ ва эҳтиром ба дастовардҳои ниёгон маҳсуб меёбад, ки дар ин самт устодон ва донишҷӯёни донишкада хеле фаъоланд.
Ҷалби ҷавонон ба варзиш яке аз роҳҳои муассири тарғиби тарзи ҳаёти солим маҳсуб мегардад. Бо ин мақсад дар донишкада чорабиниву озмунҳои гуногуни варзишӣ доир мегардад. Дар донишкада ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғу ташвиқи ҳаёти солим чораҳои мушаххас андешида мешавад. Дар самти фаъолияти варзишӣ донишкада ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидааст ва дар спартакиадаи ҷумҳуриявии соли 2015 ҷои дуюмро гирифтааст.
Донишкадаро солҳои 2011 – 742 нафар, 2012 – 814 нафар, 2013 – 1010 нафар, 2014 – 762 нафар ва 2015 – 703 нафар хатм карда, соҳиби дараҷаи бакалавр ва магистр шуданд. Онҳо дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд – операторҳои мобилӣ, провайдерҳои интернет, банкҳову ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои сохтмониву энергетикӣ ва нақлиётӣ кор мекунанд.
Бисёр дастовардҳои донишкада натиҷаи ҳамкорӣ бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мебошанд. Донишкада бо 176 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишкада дар доираи барномаҳои темпус, эрасмус бо 24 донишгоҳҳои аврупоӣ ҳамкорӣ карда, мундариҷаи таълимро нав намудааст ва технологияҳои муосири таълимро ҷорӣ кардааст.
Барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада дар 5 барномаҳои таҷрибаомӯзиҳои байналхалқӣ фаъолияти пурсамар бурда, бо 120 ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Натиҷаи ҷорикунии навгониҳо ва меҳнати самараноки омӯзгорону кормандон дар давоми панҷ сол ба он овард, ки донишкада дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шинохта шуд, дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии донишҷӯён ва озмунҳои инноватсиониву касбӣ ҷойҳои аввалро ишғол кард, хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дараҷаи азхудкунии донишҷӯёнро дар донишкада беҳтарин ҳисоб кард ва бо кор таъминшавии хатмкунандагон сад дарсад шуд.
Сарчашма: http://www.kbtut.tj/index.php?pg=tarikh
© Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон
- Факултети информатика ва энергетика
- Факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ
- Факултети муҳандисӣ-технологӣ
- Факултети сохтмон ва нақлиёт
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи забонҳои хориҷӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи химия ва технологияи маводи хӯрока
- Кафедраи математикаи олӣ
- Кафедраи агротехнология
- Кафедраи Технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабук
- Кафедраи таъмини барқ ва автоматика
- Кафедраи сохтмон ва меъморӣ
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт
- Кафедраи физика ва информатика
- Кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ
Сарчашма: http://www.kbtut.tj/index.php?pg=faculty
© Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон
Суроға: ш.Хуҷанд, кӯч.Ленин 226.
Индекси почтавӣ: 735700
Телефон: (+992 3422) 6-04-54
Факс: (+9923422) 6-04-54
E-mail: kbtut@kbtut.khujandi.com
Сарчашма: http://www.kbtut.tj/index.php?pg=director