Факултети муҳандисӣ — техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (минбаъд — ФМТ ДМТБ — ДТТ) дар асоси супоришҳои Президентҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони ДМТБ ва ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ (ҳамчун муассисон) дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Созишнома дар бораи таъсиси  факултети муҳандисӣ — техникии Донишгоҳи миллии — техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз 28.10.с.2011»,  «Созишнома оид ба ҳамкориҳои байни ДМТБ  —  ДТТ аз 28.10.с.2011» ва Қарордоди байни ДМТБ — ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ аз 02.03 с.2012»   таъсис дода шудааст.

Низомномаи факултети МТ ДМТБ-ДТТ бо мувофиқаи вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар санаи 02.03.2012 тасдиқ гардид.

Мақсади таъсиси факултет амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ таъмини илмӣ-методии омодасозии муҳандисони дараҷаи баланди касбӣ мебошад.

Нақшаҳои таълимии факултет бо назардошти стандартҳои давлатии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларуссия  таҳияву тасдиқ гардидааст.

Таҳсили дар факултети муҳандисӣ техникӣ бо забони русӣ ва тибқи низоми таълими анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз факултети муштараки муҳандисӣ техникӣ маркази тарбияи мутахассисони соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика нақлиёт, техникаи тиббӣ ва сохтмону меъморӣ буда, бо назардошти талаботи иқтисодиёти кишвар ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода менамояд:

  1. Ихтисосҳои равияи мошинсозӣ:

— «Технологияи мошинсозӣ»;

— «Металлшиносӣ дар машинсозӣ»;

— «Мошинҳо ва таҷҳизоти куҳӣ (коркарди зеризаминӣ ва корҳои кушодаи куҳӣ)»;

— «Автомобилсозӣ (бо равияҳо)»;

— «Тракторсозӣ»;

— «Нақлиёти шаҳрии барқӣ»;

— «Асбобҳои зеҳнӣ (интеллектуалӣ), мошинҳо ва истеҳсолот)».

  1. Ихтисосҳои равияи сохтмонӣ:

— «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ»

— «Экспертиза ва идораи амволи ғайриманқул»;

— «Роҳҳои автомобилгард»;

— «Купрукҳо, нақбҳои нақлиётӣ ва метрополитенҳо»;

— «Сохтмони хоҷагиҳои об».

  1. Ихтисосҳои равияи меъморӣ:

— «Меъмории биноҳои ҷамъиятӣ ва ҳаётӣ».

4.Ихтисосҳои равияи асбобсозӣ:

— «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ».

  1. Ихтисосҳои равияи энергетикӣ

— «Нерӯгоҳҳои бар    ӣ»

— «Таъминоти барқ»

  1. Ихтисосҳои равияи нақлиёт

—  «Автомобилсозӣ»

—  «Муҳаррикони дарунсӯз»

—  «Ташкили ҳаракат дар роҳ»

 

Зинаи аввали таҳсил (курси 1 ва 2) дар ФМТ ДМТБ-ДТТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи дуюм (бахшҳои 3…6) дар ДМТБ дар Ҷумҳурии Белорус роҳандозӣ мешавад. Ҳоло дар факултети МТ ДМТБ-ДТТ 372 нафар донишҷӯ дар курсҳои 1-2 ва дар ДМТБ бошад, зиёда аз 150 нафар донишҷӯ таҳсил карда истодаанд. 22 нафар донишҷӯ соли 2017 ДМТБ хатм намуда дар кафедраҳои ДТТ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат кор ва фаъолият менамоянд.

Дар соли 2016 факултет ба бинои алоҳида кӯчонида аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Синфхонаҳо барҳавои факултет бо тамоми ҷиҳози таълим таъмин гардиданд. Барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ синфхонаи лингафонӣ ва компютерӣ муҷаҳҳаз гардида омӯзгорони дараҷаи баланди касбӣ ба омӯзиши забонҳо диққати махсус медиҳанд. Барои донишҷӯёни равияҳои сохтмону меъморӣ, синфхонаҳои санъати тасвирӣ ва лоиҳакашӣ бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Бинои факултет бо шабакаи интернети Wi-Fi дастрасӣ дошта донишҷӯён барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ аз он васеъ истифода менамоянд.

Донишҷӯёни факултети муҳандисӣ техникӣ дар конфронсу чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии Донишгоҳ ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат  менамоянд. Ҳамзамон дар факултет ба масъалаҳои фароғату истироҳат, тарбияи ҳаёти солим ва тарбияи ватанпарастии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.