Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои табиӣ ва молиявӣ, ворид намудани техника ва технологияҳояи инноватсионӣ ба соҳаҳои саноатӣ, мусоидат ба пешрафти илм ва технологияҳои муосир, бо кадрҳои баландмаълумоти соҳаҳои техникӣ таъмин намудани соҳаҳои хоҷагии халқ дар заминаи факултетҳои «Механикию технологӣ», «Технологияи химиявӣ ва металлургия», «Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент» факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» мутобиқи иҷрои Қарори Шӯрои Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осими аз 25.01.2016 суратмаҷлиси №5, тибқи талаботи банди 1-и Низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи донишгоҳ, таъсис дода шудааст. Вазифаи декани факултетро хатмкунандаи ҳамин донишгоҳ номзади илмҳои химиявӣ, дотсент Ғайбуллоева З.Ҳ иҷро намуда истодааст. Муовинони декан н.и.т., дотсент Ғаниева М.И, Паҳлавонов К.М., Набиев С.Н. буда вазифаи танзимгари деканати факултетро Чаманова М.Ч ба ӯҳда дорад.
Факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» дар ташкилу равнақи худ, дар идоракунӣ ва сохтор, тағйиротҳои зиёде дидааст: 4 январи соли 1960 бо фармони Ректори аввалини Донишкадаи политехникии ш.Сталинобод, факултети «Технологӣ» ташкил шуд ва барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои: 1101- «Коркарди аввалини пахта» ва 1102- «Ресиши пахта» саҳмгузор шуд.
Соли 1961 дар факултет тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси 0803-«Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ» оғоз гардид ва факултет номи «Химиёвӣ-технологӣ» -ро гирифт. Соли 1968 қабул ба ихтисосҳои «Химиёвӣ-технологӣ» қатъ гардид ва донишҷӯён барои давом додани таҳсил ба шаҳрҳои Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва Киеви ҶумҳурииУкраина фиристода шуданд ва қабул ба ихтиссосҳои нақлиёт оғоз гардид ва факултет номи «Механикӣ»-ро гирифт. Соли 1975 факултети «Механикӣ» ба ду факултет ҷудо карда шуда, факултетҳои «Автомобилию роҳсозӣ» ва «Механикию технологӣ» номгузорӣ карда шуданд.
Соли 1995 мутобиқи амалӣ гардидани «Барномаи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000» дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ факултети “Технологияи химиявӣ ва металлургия” ташкил карда шуд, ки аз рӯи 4 ихтисосҳои 2502- “Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ”, 2508- “Технологияи моддаҳои химиявии душворгудози ғайриметалӣ ва силикатӣ”, 2503 – “Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ” ва 1102 – “Металлургияи металлҳои ранга” мутахассисони баландмаълумотро тайёр менамуданд.
Хамчунин, соли 1995 дар асоси кафедраи «Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ»-и факултети Механикию технологӣ ихтисоси 1703 – «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ», таъсис дода шуд, ки соли 2001 мувофиқ ба ин ихтисос кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» номгузорӣ карда шуд.
Соли 2002 бо мақсади иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рушди саноати истеҳсолоти полиграфӣ ва тайёр намудани мутахассисони дараҷаи баланди соҳаи номбурда дар ҳайати кафедраи «Назарияи механизмҳо, мошинҳо ва ҷузъҳои мошин»-и факултети Механикӣ ва технологӣ ихтисоси 1708 — «Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» ва ихтисоси 2814-«Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ» кушода шуд.
Дар солҳои гуногун роҳбарии факултетҳои базавии факултети “Технологияҳои инноватсионӣ”-ро муаллимони зерин иҷро намудаанд:
Дар факултети “Механикию технологӣ”: н.и.т., дотсент Саидов Х.С, Феттер И.Н., н.и.т., дотсент Зулфонов С.З., н.и.и., дотсент Камолиддинов С.К., д.и.т., профессор Азизов Р.О., н.и.т., дотсент Идиев М.Т., н.и.т., дотсент Одинаев Б.О., н.и.т., дотсент Амонов И.Т., н.и.т., дотсент Саидов М.Х.
Дар факултети “Технологияи химиявӣ ва металлургия”: д.и.т., профессор Шарифов А.Ш., н.и.х., дотсент Ғайбуллоева З.Х., н.и.х., дотсент Амиров О.Х, д.и.х., профессор Бадалов А.Б., н.и.т., дотсент Гулахмадов Ҳ.Ш.
Дар факултети “Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент”: н.и.и., дотсент Камолиддинов С.К., н.и.и., дотсент Раҷабова З.С.
Ҳоло дар сохтори факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» кафедраҳо ва ихтиссосҳои зерин мавҷуд ҳастанд, ки раванди таълим бо забонҳои тоҷикӣ (забони давлатӣ) ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
- Кафедраи «Технологияи коркарди нахҳои табиӣ»
1-500101-01 – «Ресидани нахи табиӣ»
1-500101-08 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ»
1-500101-09 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ»
1-360801 – «Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ» - Кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ»
1-360101-01 – «Технологияи мошинсозӣ»
1-360103-01 – «Дастгоҳҳои металлбурӣ»
1-36010104-01 – “Таҷҳизот ва технологияи баландбардории фарсуданашавадагӣ ва барқароркунии чузъҳои мошинҳо»
1-360101-03 – «Технологияи истехслоти автоматикунонидашуда»
1-360103 – “Таҷҳизоти технологии истехсолоти мошинсозӣ» - Кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»
1-330101-05 –«Ҳифзи муҳандисии муҳити зист» - Кафедраи «Масолеҳшиносӣ , мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ»
1-360201-05Б –«Масолеҳшиносӣ, мошинҳо, ва таҷҳизотҳои металлбурӣ» - Кафедраи «Технологияи мошинҳо ва таҷҳизотхои истеҳсолоти полигрофӣ»
1-360601-01 – «Мошинҳои полиграфӣ ва низоми коркарди маълумотҳо»
1-470201 – «Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ» - Кафедраи «Металлургия»
1-4201010101 – «Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга»
1-4201010104 – «Металлургяи металлҳои ранга»
1- 480104 – «Технологияи саноати электрохимиявӣ» - Кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ»
1-480101 – «Технологияи химиявии моддаҳо, мавод ва маҳсулоти ғайриорганикӣ»
1-480103 – «Технологияи энергиябарандаҳои табиӣ ва маводҳои карбондор»
1- 480101-07 – «Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак» - Кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ»
1-26020207 – «Менеҷменти истеҳсолӣ»
1-27010101 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти мошинсозӣ» - Кафедраи умумидонишгоҳии «Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ»
фаъолият менамоянд.
Дар факултет тайёр намудани кадрҳои баландмаълумот барои соҳаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ба монанди: саноати маҳсулоти сохтмонӣ, саноати истеҳсоли нуриҳои минералӣ, саноати бофандагӣ ва нассоҷӣ, полиграфӣ, мошинсозӣ, металлургия, саноати химиявӣ, системаи бонки, соҳаи экология ва муҳофизати муҳити зист ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар факултет зиёда аз 1356 нафар донишҷӯён таҳсил менамояд, ки шумораи онҳо дар шӯъбаи рӯзона 1200 ва дар шӯъбаи ғоибона156 нафар мебошад. Аз он ҷумла дар шуъбаи рӯзона дар гуруҳҳои тоҷикӣ 900 нафар ва дар гуруҳҳои русӣ 300 нафар таҳсил намуда истодаанд.
Факултет дорои потенсиали бои илмӣ техникӣ мебошад, ки дар он зиёда аз 20 озмоишгоҳҳои илмӣ — амалӣ ва тадқиқотӣ фаъолона амал намуда истодаанд. Дар факултет докторони илм ба монанди: д.и.т. профессор узви вобастаи АИ ҶТ Одиназода Ҳ.О, д.и.т. профессор узви вобастаи АИ ҶТ Ҳақдодов М.,Ҳ., д.и.х. профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Ганиев И.Н., д.и.т. профессор Азизов Р.О., д.и.т. профессор Шарифов А., д.и.х. профессор Бадалов А.Б, д.и.т., профессор Сафаров А.М., д.и.т., профессор Саидов Ҷ.Ҳ., д.и.х. профессор Ҷураев Т., ва 24 номзадони илм кору фаъолият намуда истодаанд. Ин потенсиали бои илмӣ самтҳои асосии рушди илм ва технологияро дар ҷумуриамон муайян менамоянд, ки аз чунин самтҳои асосӣ иборат мебошанд:
- Энергетикаи гидрогенӣ
- Истеҳсолоти масолеҳҳои сохтмонӣ
- Истеҳсолоти маҳсулоти химиявӣ (бойгардонии маъданхо, истехсолоти намакхо, кислотахо, нурихои минералӣ)
- Ҳосилкунии мавод аз нафту газ ва растаниҳо
- Термодинамикаи гидрофторидҳо
- Раванди технологии коркарди навъхои нав ва ноҳиябандишудаи селексияҳои пахта
- Технологияи нахҷудокунии устувонагӣ
- Коркарди хӯлаҳои нав дар асоси алюминии ғайрикондитсионӣ
- Коркарди композитсияҳо ва хӯлаҳо бо иштироки металлҳои ранга, синтез ва татбиқи онҳо
- Равандҳои илова намудани металлҳои нодирзаминӣ ба хулаҳои металл
- Тадқиқ ва корҳои конструктивӣ оид ба таҳлил ва ворид намудани технологияҳои камсарфи энергия ва муҳофизати муҳити зист
Факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” бо донишгоҳ ва донишкадаҳои хориҷи кашвар ба монанди: Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Баумани ш.Москва
- Донишгоҳи куҳии ш.Москва
- Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои ш.Москва
- Академияи давлатии саноати сабуки ш.Москва
- Донишкадаи металлургии ш.Қарағандаи дорои ордени Дустии Ҷумҳурии Қазоқистон
- Донишкадаи кӯҳии ба номи Плеханови ш.Санктпитербурги Федератсияи Россия
ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст.