Раҷабова Зарина Солиҷоновна
мудири кафедра,номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
+(992)-37-227-97-63
Хатмкунандаи ихтисосҳои кафедравӣ бояд ба фаъолияти касбӣ тайёр карда шуда, идоракунии самараноки иқтисодиёт, истеҳсолот ва пешрафти иҷтимоии корхона, ташкили низоми идоракунӣ ва дурнамои онро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ бо дарназардошти хусусиятҳои соҳавӣ, техникӣ, технологӣ, ташкили истеҳсолот таъмин намояд. Инчунин ба корҳо оид ба вазифаҳои илмӣ-педагогӣ, дар мақомоти идораи давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки дониш ва малакаи иқтисодиёти соҳавӣ ва иқтисодиёти корхонавиро талаб менамояд, омода бошад.
Объектҳои фаъолияти касбии хатмкунандагон:
- корхонаҳои шаклҳои гуногуни ташкилӣ-ҳуқуқии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, зертобеҳои сохторҳои истеҳсолӣ ва функсионалии онҳо;
- объекти инфраструктураи корхонаҳо;
- ташкилотҳои лоиҳакаш;
- корхонаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- муассисаҳои таълим;
- мақомотҳои идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
Хатмкунандагон ба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешаванд:
- ташкилӣ-идоракунӣ;
- банақшагирӣ-иқтисодӣ;
- лоиҳавӣ-иқтисодӣ;
- молиявӣ-иқтисодӣ;
- таҳлилӣ;
- иқтисоди бурунмарзӣ;
- соҳибкорӣ;
- илмӣ-тадқиқотӣ;
- таълимӣ.