Кафедраи «Технологияи металлҳо ва муҳофизати зист» соли 1957 дар ҳайати факултети Технологӣ ташкил шудааст, ки роҳбарии кафедраро дотсент Бернштейн М.Л. бар ӯҳда дошт. Соли 1957-ум салоҳияти кафедра ба ӯҳдаи факултети «Механикӣ ва технологӣ» гузошта шуда аз рўи ду равия «муҳандис механик» ва «муҳандис конструктор» мутахасиси тайёр менамуд.
Бо гузашти вақт кафедраро ҳамчун мудир роҳбари кардаанд: н.и.т., дотсент Қурбонов ҳ.Қ. (1979-1989с), дотсент Азизов Р.О.(1990-1996с), н.и.т., дотсент Умарова Т.М.(1997-2004с), д.и.т., проф. Азизов Р.О.(2004-2006с), н.и.т, дотсент Сангов М.М. (2006-2008с), н.и.т, дотсент Ғаниева Н.И.(2008-2015), Айни замон кафедраро н.и.т.дотсент Гулов С.С. ҳамчун мудир роҳбарӣ менамояд.
Аз соли 1956 то 1974-ум дар кафедра мутахассис аз р.и ихтисосӣ 0501-«Технологияи мошинсозӣ дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» тайёр карда мешуд, ки дар охир ҳамчун кафедраи мустақил шуда то ин ҷониб фаъолият дорад.
Соли 1991 аз ҳайати кафедраи «Технологияи металлҳо ва муҳофизати зист» бинобар зиёд шудани талабот ба ихтисоси муҳофизати зист дар факултети «Механикӣ ва технологӣ», кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» таъсис дода шуд ва кафедраи «Технологияи металлҳо ва муҳофизати зист» номи кафедраи «Технологияи масолеҳҳои конструксиябоб»-ро соҳиб гашт.
Тараққиёти Ҷумҳурӣ солҳои охир дар соҳаҳои саноати сабук ва вазнин, сохтумони корхонаҳои саноатӣ ва эҳтиёҷӣ ин корхонаҳои саноатӣ ба кадрҳои баландихтиссоси соҳавӣ назаррас мебошад. ҳамаи инро ба инобат гирифта Донишгоҳ дар назди кафедраи «Технологияи масолеҳҳои конструксиябоб» соли 1995 ихтисосӣ нав360201-05( 1703) -«Мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ»-ро таъсис дод, ки то ин ҷониб фаъолият дорад ва ҳамчун муҳандис-механик мутахассис тайёр менамояд.
Соли 2001-ум кафедра мувофиқ ба хатми мутахассисонӣ соҳавӣ ба кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» номгузорӣ карда шуд.
Кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» ҳамчун кафедраи тахассусӣ дар давоми фаъолияташ аз соли 2000-ум то 2015-ум 385-мутахассис тайёр намудааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни саноати Ҷумҳуриамон кор ва фаъолият карда истодаанд.
Дар кафедра 3-рисолаи докторӣ ва 9-рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст. Ва инчунин 3-рисолаи дигари илми дар арафаи ҳимоя қарор дорад.
Дар барқароркунӣ ва равнақи илмиву-методии кафедра саҳми олимони варзидаи соҳаи техникӣ зиёд мебошанд, ки айни замон аксарияташон ҳамчун мутахассис ба вазифаҳои гуногун таъин шудаанд: д.и.т., проф Одиназода Ҳ.О., айни замон Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. МСОсимӣ мебошанд, д.и.т., проф., Азизов Р.О., Ҳақдодов М.Ҳ. аз ҷумлаи онҳоянд.
Айни замон дар кафедра омузгорони штатӣ: мудири кафедра, н.и.т., и.в.дотсент Гулов С.С., н.и.т., дотсент Ғаниева Н.И., муаллимони калон Курбонов Б.К., Шарифов Д.А., Раҷабалиев С.С., муаллимони калон Иброҳимов Н.Ф. ва кормандони ёрирасон Ашурматов Ҷ.Т., Эшова Д.Б..
Ҳамкорони дохилӣ:профессор Одиназода Ҳ.О. н.и.т., дотсент Сангов М.М., н.и.т., и.в.дотсент Алиев Ҷ.Н., муаллими калон Бадурдинов С.Т. ва Вазиров Н.Ш.
Ҳамкорони берунӣ: н.и.т., дотсент Одинаев Б.Н. муовини Вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.х., ноиби президенти академияи илмҳои ҶТ профессор Азизов Р.О. ассистент Қараев П.Н. конструкторӣ корбарандаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», кор ва фаъолият менамоянд.
Донишҷӯйёни ихтисоси 360201-05 -«Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» дар тамоми соҳаҳои саноати кишварамон кору фаолият менамоянд. Иҷрои лоиҳаҳои дипломии ихтисоси маскур бо мошинҳо таҷҳизотҳои металлургии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бештар алоқаманди дорад. Комиссияи аттестатсионии давлатӣ баъд аз ҳимояи лоиҳаи дипломӣ ба хатмкунандагон квалификатсияи муҳандис-механикро медиҳад. Дар кафедра аз рӯи 17-фан, ки ба ихтисосҳои 360201-05-«Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» дарс гузаронида мешавад. Аз соли 2010 кафедра мувофиқи нақшаҳои нави қабулшуда ба тайёр кардани бакалаврҳо шурӯъ кард. Ташкили таҳсили бисьёрзинагӣ, бакалавр-магистр дар кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин самт корҳо бурда шуда истодааст.
Дар кафедра семинарҳои доимамалкунандаи шаҳри дохили фаъолият дорад. Дар кори он масъалаҳои илмӣ ва амалӣ мансуб ба истеҳсолот ҳалли худро меёбанд.
Ҳайати имрӯзаи дотсентону омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ –тадқиқотӣ фаъолона машғул буда аз рӯи тадқиқотҳои назариявӣ ва амалии иҷро намудаашон дар бисьёр конфронсҳои Ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ баромад менамоянд. Ҳамасола зиёда аз 25 мақолаҳои илмии омӯзгорони кафедра дар маҷалаҳои илмиву ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар аз чоп мебароянд. Қормандони кафедра дар тӯли солҳои 1974-2015 зиёда аз 40-кори илмӣ-тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат ҷорӣ карда шудаанд.
Омӯзгорони кафедра дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника навовариҳои зиёдро ноил гаштаанд, ки зиёда аз 30 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ ҳифз карда шудааст. Ҳоло дар кафедра 6- омӯзгори штатӣ, аз ҷумла онҳо 2- нафар номзади илм,4- нафар муаллими калон ва 2 нафар кормандони ёрирасон фаъолият доранд, ки онҳо низ дорои маълумоти олии техникӣ мебошанд.
Кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» дорои ҳашт озмоишгоҳи касби-техникӣ мебошад, ки ин озмоишгоҳҳо имконияти пурзӯр намудани савияи техникии донишҷӯйёнро пурзӯр менамоянд. Бо шарофати истиқлолияти ҷумҳуриямон дар кафедра ду озмоишгоҳи илми татқиқоти ва як озмоишгоҳи таълими тасиси дода шудааст. Дар солҳои наздик дар нақша аст, ки дар базаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ҳозиразамони техникӣ сохта ба истифода дода шавад. Тамоми ҳайати омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ ва тадқиқоти дода шудаанд. Айни замон дар кафедра 4-нафар омӯзгорон бо кори илмӣ машғул мебошанд, ки аз натиҷаи корҳояшон дар конфронсҳои Ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ мақолаҳо чоп шудаанд. Ғайр аз ин кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» аз рӯи мавзӯҳои гуногун, кори илмӣ-тадқиқотии худро пеш бурда истодааст.
Кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳои металлургӣ» кори илмии буҷавии давлатиро дар мавзӯъи «Коркарди хулаҳои нави ба зангзани тобоваранда ва маводҳои нави конструксионӣ» солҳои 2015-2020 ба анҷом расонида аз рӯи мавзӯъи нав фаолият менамоянд.