Тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои саноати бофандагӣ, сабук ва пахтатозакунӣ дар Институти политехникии Тоҷикистон, аз рӯи ихтисосҳои 1101 – «Коркарди аввалини маводҳои нахдор» , тахассуси «Коркарди аввалини пахта» ва 1102 – «Ресиши нахҳои табиӣ ва кимиёвӣ», аз соли 1956 оғоз шуда буд. Соли 1961 бо кӯмаки омӯзгорони Институти саноати сабук ва бофандагии шаҳри Тошканд, 14 нафар хатмкунандагон инженер — технолог шуданд.
Барои таъмин намудани раванди таълим аз фанҳои тахассусӣ кафедраи «Коркарди маводҳои нахдор» соли 1958 ташкил карда шуда буд, ки он то соли 1961 фаъолият намуд. Омӯзгорони нахустини кафедра Рахимов Н.Р.(мудири кафедра), Саидов Ҳ.С., Бугаенко М., Мартинова Н.С., Дзутсева В.Н. ва Иброгимов Х.И. буданд.
Аз сабаби норасоии мутахассисон ва озмоишгоҳҳо, донишҷӯёни қабули соли 1957 баъд аз хатми курси чорум ва 1958 баъд аз хатми курси дуюм, барои давом додани таҳсил, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошканд ва Иваново равона карда шуда, бомуваффақият ин мактабҳои олиро хатм намуданд.
Аз соли 1971 сар карда, дар Институти политехникии Тоҷикистон, қабул ва хатми донишҷӯён аз рӯи ихтисоси 0568 – «Мошинҳо ва аппаратҳои саноати бофандагӣ» бо тахассуси «Коркарди аввалини маводҳои нахдор (пахта)» оғоз гардид.
Барои ташкил намудани раванди таълим аз рӯи ин ихтисос, аз соли 1974 сар карда, кафедраи тахассусӣ боз ташкил ёфт, ки барои рушди он саҳми якумин мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҳимов Н.Р. – хатмкунандаи Институти саноати сабук ва бофандагии шаҳри Тошканд (соли 1949), хеле калон мебошад. Дар аввал номи ин кафедра «Технология, мошинҳо ва аппаратҳои коркарди аввалини пахта ва техникаи гармо» буд.
Дар он солҳо бо роҳбарии Раҳимов Н.Р. ва иштироки фаъолонаи омӯзгорони кафедра Саидов Ҳ.С., Зулфонов С.З., Лавриненко П.Н., Ахмедов Ф.Д., Ҳоҷиев А.А. ва мудири озмоишгоҳ Петрасюк В.Ф., барои ташкили раванди таълим, дар назди кафедра озмоишгоҳҳо ташкил карда шуданд. Олимони шаҳрҳои Москва ва Тошканд – Севостянов А.Г., Балакин В.Г., Ҳоҷинова М.А., Ҷабборов Ғ.Ҷ., Болтабоев С.Д., Роганов Б.И. ва дигарон низ дар ташаккул ва тараққиёти кафедра, саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Бо дастгирии ин омӯзгорон, соли 1976 дар Институти политехникии Тоҷикистон, хатми аввалини муҳандисон аз рӯи ихтисоси 0568 – «Мошинҳо ва аппаратҳои саноати бофандагӣ» бо тахассуси «Коркарди аввалини маводҳои нахдор (пахта)» амалӣ гардид, ки шумораи онҳо 17 нафар буд. Аз сабаби ташкилшавии кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ» дар соли 2000 – ум, фанҳои ба ин кафедра тааллуқдошта, аз кафедраи амалкунанда ба он гузаронида шуданд ва аз ин лиҳоз кафедра, ҳамчун кафедраи «Технология, мошинҳо ва аппаратҳои коркарди аввалини пахта» арзи вуҷуд дошт.
Дар кафедраи тахассусӣ, тайёр намудани мутахасисон аз рӯи ихтисоси 2801 – «Технология ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти нахҳои табиӣ», тахассуси «Технология ва таҷҳизотҳои коркарди аввалини пахта» оғоз гашт. Зарурияти муҳандисони тахассуси васеъдоштаро барои корхонаҳои пахтатозакунӣ, инчунин корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ ба назар гирифта, нақшаи таълимие тартиб дода шуд, ки ҳамаи паҳлуҳои он соҳаро ба назар мегирифт. Тартиб додани чунин нақшаи таълимӣ аз он сабаб лозим буд, ки дар шароити иқтисодии нав, аксарияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба иттиҳодия мубаддал гашта буданд, яъне дар онҳо сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва маводҳои бе тору пуд, пайдо шуданд.
Аз соли 2001 – ум сар карда, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба стандартҳо ва нақшаҳои таълимии дигар гузашт. Бинобарон, кафедра тайёр намудани мутахассисонро бо равияи 6560 – «Технология ва лоиҳакашии маснуоти нассоҷӣ» ихтисосҳои 2801– «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ» тахассуси «Технология ва таҷҳизоти коркарди аввалини пахта» ва барои саноати нассоҷӣ – 2803 – «Технологияи маснуоти нассоҷӣ» давом дод.
Аз соли 2008 тайёр намудани муҳандисон аз рӯи равияи 1-5001 – «Истеҳсоли маснуот аз маводҳои нассоҷӣ ва бе тору пуд» ихтисосҳои 1-500101-08 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ» ва 1-500101-09 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ» оғоз гардида, аз соли 2009 бошад, тайёр намудани бакалаврҳо аз рӯи ин ихтисосҳо ба роҳ монда шуд. Тараққиёти саноати нассоҷӣ дар ҷумҳурӣ водор сохт, ки соли 2015 кафедра тайёр намудани мутахассисонро боз аз рӯи ихтисосҳои 1-500101-01- «Ресидани нахи табиӣ» ва 1-360801-02- «Мошин ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ» ба роҳ монад. Дигаргуниҳои омодасозии мутахассисонро барои коркарди аввалин ва ниҳоии нахҳои табиӣ ба назар гирифта, соли 2008 кафедра номи худро ба кафедраи «Технология ва таҷҳизотҳои коркарди пахта» ва соли 2016 ба кафедраи «Технологияи коркарди нахҳои табиӣ» иваз намуд.
Дар солҳои фаъолияти кафедра, зиёда аз 1300 нафар муҳандисон технологҳо-механикҳо барои саноати пахтатозакунӣ ва бофандагӣ тайёр карда шудаанд, ки саҳми арзандаи худро барои рушди техника ва технологияи корхонаҳои соҳа гузоштаанд. Бисёр хатмкунандагони ҳамин ихтисосҳо, коркунони вазорату идораҳо, директорҳо ва сармуҳандисони корхонаҳои пахтатозакунию бофандагӣӣ, коркунони ташкилотҳои илмию лоиҳакашӣ, макотиби олӣ ва Пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ мебошанд. Дар сафи ин хатмкунандагон Бобозода Ш. – Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҳ.О. – доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Қурбониён Ибодулло Карим –директори агентии Тоҷикстандарт, Сангов М.М. – ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт, Асомуддинзода Т. — ректори Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит, Зоиров Д.З. – Сардори саридораи алоқаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Р.И. – директори генералии ҶСНК “ГОК Пролетар”, Бақоев М.Ҳ.- директори генералии комбинати насоҷии ҶДММ «Спитамен Текс-тайл», Каландаров Исмаил Шарифҷонович — директори генералии ҶДММ «Нику Хуҷанд», Исмоилов А.А. – директори генералии ҶСП «Сомон-таҷҳизот», Сафарзода М.Х. — Сардори бозрасии Давлатии пахтаи Тоҷикстандарт, Фақиров А.- директори Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Бахтиёр» ва бисёр дигарон мебошанд.
Дар тайёр намудани муҳандисон, дар тӯли ин солҳо, омӯзгорон ва коркунони кафедра Раҳимов Н.Р., Зулфонов С.З., Саидов Ҳ.С., Мироқилов В.М., Турсунова М.Т., Сафаров Ф.М., Иброгимов Х.И., Азизов Ю.С., Ҷураев О.О., Изатов М.В., Ашуров А.Н., Сангов М.М., Нозиров Ф.К., Петрасюк В.Ф., Бахтиёрова Р.Ҳ., Ахмедов Ф.Д., Лавриненко П.Н., Ҳоҷиев А.А., Одилова М.А., Аблязизов Т.И., Абрамов А.Ф. ва дигарон саҳми арзандаи худро гузоштанд.Бо ташаббуси омӯзгорон ва озмоишгарони кафедра, базаи лозимии таълимию озмоишгоҳӣ, ташкил карда шуд. Бо ҷидду ҷаҳди омӯзгорони кафедра, якчанд китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ барои иҷро намудани корҳои озмоишӣ, лоиҳа ва корҳои фаннӣ, лоиҳаи дипломӣ ва кори хатми бакалаврӣ навишта шудаанд.
Омӯзгорони кафедра ба ғайр аз корҳои таълимӣ, барномаи дақиқи иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотиро доранд, ки он масъалаҳои муҳими саноати пахтатозакунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Кафедра муддати чанд сол аст, ки аз рӯи мавзӯи «Такмилдиҳии технологияи коркарди навъҳои нав ва ноҳиябандишудаи пахта» кори илмиро иҷро менамояд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар конфронсҳои байналмиллалию ҷумҳуриявӣ, мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор мегиранд ва ин тадқиқотҳои илмӣ бо 15 шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва патентҳо қадр гардида, оиди натиҷаҳои ҷоришавии онҳо дар истеҳсолот, ҳуҷҷатҳои лозимӣ гирифта шудаанд.
Кори илмии «Коркард ва ҷорӣ намудани технологияи пешқадам дар саноати пахтатозакунӣ», ки муаллифонаш Зулфонов С.З., Сафаров Ф.М. ва Иброгимов Х.И. мебошанд, дар соли 2016 ба Ҷоизаи ба номи академик Умаров С.У. дар соҳаи илм ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
Гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ба омӯзгорони кафедра Сафаров Ф.М., Азизов Ю.С., Иброгимов Х.И., Сангов М.М. ва Воҳидова З.Ш. имконият дод, ки онҳо бо муваффақият рисолаҳои номзадиро дифоъ намоянд ва Иброгимов Х.И. бошад, рисолаи докториро дифоъ намуда, ба унвони доктори илмҳои техникӣ сазовор гардад.
Барои тайёр намудани рисолаҳои номзадию докторӣ, саҳми олимони макотибҳои олӣ ва Пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии шаҳрҳои Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Костромаи Федератсияи Россия хеле калон мебошад. Дар байни онҳо махсусан докторҳои илмҳои техникӣ, профессорҳо Левкович Б.А., Болтабоев С.Д., Корабелников Р.В. ва Ҳафизов И.Қ. – ро қайд намудан лозим аст.
Кафедра бо макотиби олӣ ва Пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаи зич дорад ва омӯзгорони кафедра дар он ҷойҳо аспиранту докторант буда, ихтисосро такмил медиҳанд. Дар байни онҳо Донишкадаи саноати сабук ва бофандагии Тошканд ба номи Ю. Охунбобоев, Донишгоҳи Давлатии технологии Кострома, Донишгоҳи Давлатии бофандагии Москва ба номи Косыгин А.Н., Академияи Давлатии бофандагии Иваново, Донишкадаи технология ва дизайни Санкт- Петербург, Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Paxтa tozaiash ПСhВ» -и Тошканд, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикстандарт, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои пахтатозакунӣ ва бофандагии Ҷумҳурӣ мебошанд.
Аз тарафи омӯзгорон ва кормандони кафедра, раванди таълим пурра таъмин карда мешавад. Озмоишгоҳҳои кафедра бо таҷҳизотҳо ва асбобҳои ҳозиразамон, асбобҳои ченкунию назоратӣ ва компютерҳо ҷиҳозононида шуданд.
Кафедра дорои озмоишгоҳҳои зерин мебошад:
- ашёи хоми бофандагӣ;
- мошинҳои технологӣ ва таҷҳизотҳои коркарди аввалини пахта;
- стандартизатсия;
- хушк ва намноккунии пахта;
- маводшиносии бофандагӣ.
Корҳои озмоишӣ ҳам дар кафедра ва ҳам дар «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” — и ш. Душанбе ва корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияҳои Рӯдакию Ҳисор гузаронида мешаванд.
Муваффақияти назарраси кафедра, ин якҷоягии раванди таълим бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Дар кафедра аспирантура аз рӯи ихтисоси 05.19.02 – «Технология ва коркарди аввалини маводҳои бофандагӣ ва ашёи хом» барои ноил гаштан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ, ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Технолог» амал менамояд. Сифати баланди корҳои илмии донишҷӯён, дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва Донишгоҳ муҳокима карда шуда, бо Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулию молӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қадрдонӣ карда шудаанд.
Дар кафедра ба ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯён, васеъ истифодабарии шаклҳои фаръии азхудкунӣ аҳамияти калон дода мешавад ва ин имконият медиҳад, ки тайёр намудани муҳандисон ва бакалаврҳо дар сатҳи талаботҳои ҳозиразамон, ба амал бароварда шаванд.
Омӯзгорони кафедра барномаҳои таълимии навро аз рӯи ҳамаи фанҳои ин ихтисосҳо, вобаста ба нақшаҳои таълимии нав омода намуданд ва ҳоло омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ давом дорад.
Аз соли 1975 то 2016 аз тарафи аъзоёни кафедра, корҳои илмӣ оиди зиёда аз 10 мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмию методӣ иҷро карда шуданд. Зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ ва 1 монография чоп гардида, луғати соҳавӣ тартиб дода шуд, 21 муаллифнома оиди ихтироъ гирифта шудааст. Натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда дар китобхои дарсӣ, дастурамалҳои соҳавӣ, дастурҳои методӣ ва нишондодҳо оиди иҷро намудани лоиҳаи дипломӣ, корҳои озмоишӣ, фаннӣ ва лоиҳаи фаннӣ истифода шудаанд.
Раванди таълимро дар кафедра 7 омӯзгор таъмин менамоянд. Ҳоло дар кафедра Иброгимов Холназар Исломович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, Зулфонов Сулаймон Зулфонович – номзади илмҳои техникӣ, профессор, Сафаров Фузайл Метинович – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, Азизов Юсуф Самиевич – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, Мироқилов Валиҷон Мирсобитович – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, Изатов Миралӣ Валиевич – муаллими калон, Ҷураев Олимхон Озодхонович – муаллими калон, Расулов Ҷабборалӣ Ҳасанович – мудири озмоишгоҳ, Курбонова Саноат Ёқубовна – озмоишгари калон, Содиқов Дилшод Ҳайдарович – аспирант кор мекунанд.
Дар ин муддат, инҳо мудирони кафедра буданд:
Раҳимов Назир Раҳимович дар давоми солҳои 1956 – 2007, дар Донишгоҳ кор кардааст, таҷрибаи калони истеҳсолӣ дорад – аз устои смена то сармуҳандиси корхонаи пахтатозакунӣ. Соли 1958 рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Аз соли 1959 то 1965 – Раиси Комитети Давлатӣ оид ба илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1965 муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таъин карда шуд ва пас аз декабри 1974 то марти соли 1987, мудири кафедра шуда кор кард.
Дар муҳлати кори худ, Раҳимов Н.Р. оиди такмил ва ташкили раванди таълим, корҳои методии кафедра ва факултетҳо, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бо ташаббуси ин шахс, ихтисоси 0568 – «Мошинҳо ва аппаратҳои саноати бофандагӣ», тахассуси «Технологияи коркарди аввалини пахта» ташкил ёфт ва алоқаи зич бо корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ амалӣ гардид. Филиали кафедра бо озмоишгоҳ, дар корхонаи пахтатозакунии шаҳраки Айнии ноҳияи Рӯдакӣ ташкил карда шуд. Нақшаи таълимӣ барои ихтисоси 0568 тартиб дода шуд.
Аз соли 1987 то соли 1989 кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ахмедов Фарҳод Дилбарович роҳбарӣ кард. Дар ин муҳлат коллективи кафедра корҳои муайянеро оиди тараққиёти он, такмилёбии раванди таълим, тайёр намудани муттахассисони баландихтисос, такмилдиҳии техника ва технологияи коркарди аввалини пахта, истифодабарии энергияи офтоб барои хоҷагии халқ гузаронидааст.
Аз соли 1990 то соли 2007 кафедраро профессор Зулфонов Сулаймон Зулфонович сарварӣ намудааст. Дар ин муҳлат, нақшаҳои таълимӣ аз нав дида баромада шуда, дар раванди таълим ҷорӣ карда шуданд. Озмоишгоҳи ҳозиразамони технологияи коркарди аввалини пахта ташкил карда шуд. Зулфонов С.З. фаъолияти илмӣ-педагогиро барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос равона намуда, тавонист мактаби илмиро ташкил намуда, дар кафедра аспирантураро кушояд.
Дар ин муҳлат омӯзгорони кафедра Азизов Ю.С., Иброгимов Х.И. ва Сафаров Ф.М. рисолаи номзадиро дифоъ намуданд, Иброгимов Х.И. ба унвони дотсентӣ ноил шуд. Дар кафедра даҳҳо дастурҳои методӣ, барномаҳо, нишондодҳо тайёр карда шуданд, ки онҳо ба мукаммалгардонии раванди таълим мусоидат карданд.
Аз соли 2007 то имрӯз кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Сафаров Фузайл Метинович сарварӣ менамояд. Бо номи Сафаров Ф.М. низ тағйиротҳо оиди беҳтар кардани базаи моддӣ-техникии кафедра, вобастагӣ дорад. Дар ин муҳлат, тайёр намудани кадрҳои илмӣ хеле хуб ба роҳ монда шуд, нақшаҳои таълимӣ аз нав дида баромада ва тартиб дода шуданд. Якумин маротиба донишҷӯён Донишгоҳро бо ихтисоси 2803 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ» хатм намуданд ва ба унвони муҳандис-технолог мушарраф гардиданд. Бо ташаббуси ин шахс, омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои 1-360801-02 – «Мошинҳо ва аппаратҳои саноати бофандагӣ» ва 1-500101-01 – “Ресидани нахи табиӣ” оғоз ёфт. Рисолаи докториро дотсент Иброгимов Х.И. ва номзадиро Воҳидова З.Ш. ҳимоя намуданд, ба Сафаров Ф.М. унвони дотсентӣ тасдиқ карда шуд. Алоқаи кафедра бо истеҳсолот мустаҳкам шуда, бо зиёда аз 40 корхонаҳо, шартномаҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии исеҳсолӣ баста шуд. Инчунин бо якчанд корхонаҳои соҳа оиди гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мувофиқа ҳосил карда шуд. Донишгоҳ узви Ассосиатсияи корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Ба фаъолияти кафедра дар тӯли ин солҳо баҳо дода, қайд кардан лозим аст, ки аз тарафи кормандони кафедра корҳои зиёде оиди тараққиёти кафедра, такмилёбии раванди таълим, техника ва технологияи коркарди нахҳои табиӣ, навиштани китобу дастурҳо, тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои саноати сабук, бофандагӣ ва пахтатозакунӣ, ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ ба сомон расонида шудаанд, ки онҳо ҷавобгӯйи ҷаҳони имрӯза ва иқтисодиёти он мебошанд.