HakimovA

Ҳакимов Абдувоҳид Ҳамидович

мудири кафедра, номзади илмҳои химия, дотсент

+(992)-93-478-28-82

Кафедра бакалаврон ва магистрҳоро аз рӯи ихтисосҳои

1-480101 – Технологияи химиявии моддаҳҳои ғайриорганики, мавод ва маҳсулот

САМТҲОИ  ФАЪОЛИЯТИ  КАСБӢ:

  • асосҳои химиявӣ ва физикӣ- химиявии равандҳои технологӣ: таркиби химиявӣ ва хосияти моддаҳо, термодинамика ва кинетикаи табадуллоти химиявӣ ва байнифазавӣ.
  • табадуллоти моддаҳо ва гармигузаронӣ дар реаксияҳои химиявӣ дар равандҳои технологӣ.
  • равандҳои механикии тағйирёбии ҳолат, хосият ва шакли ашё, маводҳо ва компонентҳо дар равандҳои технологияи маводҳои ғайриорганикӣ.
  • усулҳо ва тартиби равандҳои технологии коркарди ашёи хом, маҳсулотҳои иловагӣ ва фосилавӣ, захираҳои моддии дуюмдараҷаи (партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот), маҳсулотҳои ғайриорганикӣ.
  • усулҳо ва амалиётҳои пай дар паёи технологӣ ва равандҳои ҳимояи муҳити атроф аз партовҳои моддаҳои ғайриорганикӣ.
  • хосияти ашё ва маводҳо, амалиётҳо ва қонуниятҳои равандҳои технологӣ барои коркарди ҳисобҳои технологӣ, ба нақшагирӣ ва коргузории равандҳои исиеҳсолоти химикӣ- технологӣ.

1-480103 – Технологияи химиявии энергиябарандаҳои табии ва маводҳои карбондор

САМТҲОИ  ФАЪОЛИЯТИ  КАСБӢ:

  • ташкили нақбҳои конҳои ангиштӣ
  • истихроҷи ангишт аз конҳои ангишт
  • технологияи истихроҷи ангишт
  • корхонаҳои истеҳсоли анодпазӣ
  • корхонаҳои истеҳсолӣ “Синтез — газ” – дар асоси ангишт
  • корхонаҳои истеҳсолӣ мавод ва маҳсулот дар асоси ангишт
  • коркарди ангишт ва дигар энергиябарандаҳои табиӣ
  • коркард ва истеҳсоли сузишвориҳои алтернативӣ

1-480104 – Технологияи саноати электрохимиявӣ

САМТҲОИ  ФАЪОЛИЯТИ  КАСБӢ:

  • истеҳсолоти электрохимиявӣ, маводҳои конструксионӣ барои мошинсозӣ, киштисозӣ, воситаҳои нақлиётӣ, техникаҳои ҳарбӣ ва кайҳоннавардӣ, электроника
  • рӯйкашнамоӣ бо рӯйпушҳои функсионалии галваникӣ, коркарди электрохимиявии металлҳо. Дар ҳама корхонаҳое, ки бо коркарди металл машғуланд, ба равандҳои мазкур дархост доранд
  • коркарди таҷҳизот аз маводҳои гармитобовар ва бисёр мустаҳкам (ҷузъҳои муҳаррикҳои реактивӣ, шаклҳои рехтагарӣ ва қолибгарӣ, милҳои аслиҳаи тирандозӣ ва артиллериявӣ, винти обӣ)
  • коркард ва истеҳсоли манбаҳои химиявии энергияи электрикӣ барои соҳаҳои гуногуни саноатӣ, электрикӣ ва нақлиёти пайвандшуда, ниёзи маишӣ (элементҳои галваникӣ, аккумуляторҳо, конденсаторҳо)
  • гидроэлектрометаллургия (истеҳсол ва электротозакунии металлҳои ранга ва асил)
  • энергетикаи ҳидрогенӣ (электролизи об, элементҳои сӯзишворӣ)
  • истеҳсолоти электролитии оксиген, хлор ва маҳсулоти гуногун, обтайёркунӣ
  • коркарди чорабиниҳо оид ба муҳофизати конструксияҳои металлӣ ва агрегатҳои аз коррозия вайроншаванда
  • озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ ва таҳлилӣ
  • таҳқиқоти равандҳои коррозионнӣ ва муҳофизати металлҳо аз коррозия

тайёркунии бунёдии хатмкардаҳо имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои омехтаи илм ва техника: дар рангсозӣ, дар саноати химияи нефт, дар химияи таҳлилӣ ва дигар амсоли ин низ фаъолият намоянд.

1-480101-07 – Технологияи маҳсулоти сохтмони дар асоси моддаҳҳои часпак

САМТҲОИ  ФАЪОЛИЯТИ  КАСБӢ:

  • шиша ва маводҳои шишагӣ. Ҳосилкунии маводҳои аввала; тартиб додани шихта; равандҳои ҳангоми тайёркунии маҳсулоти шишагӣ гузаранда
  • ҳангоми коркарди саноатӣ, равандҳои кристаллизатсия барои сохтани сохторҳои кристаллии шишагӣ
  • тайёр кардани маҳсулотҳои шишагӣ
  • рӯёпӯшкунӣ, коркарди маҳсулот барои ба онҳо додани шакл ва хосиятҳои муайян
  • усулҳои ғайрианъанавии синтези шиша
  • маводҳои сафолӣ ва ба гармитобовар ва маҳсулотҳо дар асоси онҳо
  • ҳосил кардани маҳсулоти аввала, аз он ҷумла хокаи сохтораш муайян (бо таркиби фазавӣ ва химиявӣ, шакли заррачаҳо, андоза, ҷудокуни аз рӯи андоза)
  • омехтакунии компонентҳо; тайёркунии маводҳои аввала; раванд тасфонидан ва пухтан; коркарди баъди пухтан
  • мавод ва маҳсулотҳои часпаки ғайриорганикӣ. Ҳосилкунии маводҳои аввала, омехтакунии онҳо; синтези фазаҳо, ки хосияти часпаки доранд; протсесси синтез ва сахтшавии маводҳои часпакӣ; роҳҳо танзими хосиятҳои техникӣ- сохтмонӣ
  • маводҳои композитсионӣ дар асоси МС ва ДГҒ, аз он ҷумла якҷоя бо металлҳо ва пайвастагиҳои органикии калонмолекула

1-510202-Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ

САМТҲОИ  ФАЪОЛИЯТИ  КАСБӢ:

  • муҳандис – технолог  дар самти истихроҷи нафту газ
  • муҳандиси техникаи бехатарӣ дар истеҳсолоти нафту химия
  • муҳандис – технолог  дар корхонаҳои коркарди авалияи нафт
  • муҳандис – технолог  дар корхонаҳои коркарди дуюмаи нафт
  • муҳандис – технологӣ  техникаи бехатари дар корхонаҳо ва нигоҳдории сӯзишвориҳои нафтӣ
  • муҳандиси пешбар дар самти метрология, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулотҳои нафтӣ

технологияҳои муосирро дар самти технологияи химиявӣ дар бар мегирад, ки яке аз афзалтарин соҳаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ихтисосҳои мазкур асоси таҳсилоти олии тайёркунии муҳандисони самтҳои гуногун мебошад. Баъди хатми давраи 4-солаи омӯзиш, хатмкарда дипломи Бакалаври техника ва технологияро аз рӯи ихтисосҳои мазкур сазовор мешавад. Ҳамзамон бо ин дар назди донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ мавҷуд аст, ки дар он бакалаври шӯъбаи рӯзона метавонад дар як вақт таҳсил намояд. Омӯзиш аз курси дуюм шурӯъ мешавад. Баъди хатми кафедраи ҳарбӣ, хатмкарда унвони афсари эҳтиётиро сазовор мешавад.

    Шакли таҳсил – рӯзона, ғоибона.

     Забони таҳсил – тоҷикӣ, русӣ.

Хатмкардаи бакалавратура метавонад таҳсилро дар магистратура аз рӯи барномаи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» ва ғайраҳо идома диҳад. Таҳсил дар магистратура муддати 2 сол давом мекунад.

Тайёркунии кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои мазкур дар кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ»-и факултети Технологияҳои инноватсионӣ-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ амалӣ мегардад.

Дар назди донишгоҳ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси унвондор оиди дарёфти дараҷаи илмии доктори (PhD), номзад ва доктори илм докторантура аз рӯи ихтисосҳои:

  1. 6D073000 — «Истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ»
  2. 6D073001 — «Масолеҳи сохтмони ва маснуот»
  3. 6D075300 — «Технологияи химиявии маводи душворгудози ғайрифилизи ва силикатӣ»
  4. 6D072101 — «Технологияи моддаҳои органикӣ»
  5. 6D072001 — «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ»

фаъолият дорад. Ҳамзамон бо ин Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ ва ҷумҳурӣ бо фармони КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мусоид аст.