Дар баробари ташкилёбии Донишгоҳи техникӣ (политехникӣ) – и Тоҷикистон (соли 1956) кафедраи «Химияи умумӣ» ба кор шуруъ намудааст. Дар он ду омӯзгор ва ду лаборант фаъолият менамуданд. Дар ташкилёбӣ ва инкишофи кафедра мудири аввалини он А. C. Сулаймонов фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштааст. А.C. Сулаймонов аз солҳои 1956 то 1963 кафедраро роҳбарӣ намудааст.

Солҳои 1963 то 1964 роҳбарии кафедраро н.и.х.  Х. Л. Хаматов ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1964 то соли 1978 мудирии  кафедраро номзади илми химия, дотсент О. Р. Қурбонов ба зимма дошт. Дар давраи роҳбарии О. Р. Қурбонов кафедра ба бисёр комёбиҳои назараси илмию методӣ ноил гардидааст. Ба кафедра мутахасисони ҷавон, боистеъдод: Д. Ш. Шарипов, И. Б. Шоймуродов, С. Ҳакимов, Қ. Н. Назаров, А. Б. Бадалов, С. А. Абдуқодирова, Ҳ. С. Сафиев, У. М. Мирсаидов, Ғ. К. Камолов,  А. Ш. Шарифов  ва дигарон ба кор қабул шуда,  фаъолияти пурсамар намуда, рисолаҳои номзадии худро дар давлатҳои Россия, Украина,  Белорусия  ҳимоя  намудаанд.

Соли 1978 ба вазифаи мудири кафедра н.и.т. дотсент Я.С.  Самиев интихоб карда шуд,  ки номбурда роҳбарии кафедраро то соли 1983 иҷро намудааст. Дар давраи роҳбарии ӯ Бадалов А.Б. диссертатсияи номзадиашро ҳимоя кард. Инчунин, омӯзгорони кафедра бисёр корҳои илмию  методиро иҷро намудаанд.

Аз соли 1984 то соли 1992 н.и.т., дотсент Б. С. Азизов ба вазифаи мудири  кафедра интихоб мегардад. Дар давраи роҳбарии ӯ ба кафедра Д. Исоев  ҳамчун омӯзгори ҷавон ба кор қабул карда шуд. Дар ин давра дар зери роҳбарии академик У. М. Мирсаидов А. Б. Бадалов рисолаи докторӣ ва М. Икромов, В. Маъруфи ва дигарон рисолаҳои номзадиашонро сарбаландона ҳимоя намуданд.

Соли 1992 ба вазифаи мудири кафедра д.и.х., профессор А.Б. Бадалов интихоб гардида, фаъолияти пурсамари худро то соли 2003 давом додааст. Дар ин давра ба кафедра омӯзгорони ҷавон М. Исломова, Ҳ. А. Зоиров, Г. К. Рузматова ва Ш. Мирзоева ба кор қабул карда шудаанд. Дар муддати роҳбарии А. Б. Бадалов   ҳайати омӯзгорони  кафедра ба комёбиҳои зиёд ноил гардидаанд. Дар ин  давра  зери роҳбарии д.и.х., профессор А.Б. Бадалов  омӯзгорони ҷавон Д. Исоев,   М. С. Исломова, Б. Ғафуров, С. Раҷабов  рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Аз соли 2003 то 2012 н.и.х., дотсент Д. Ш. Шарипов ба ҳайси мудири  кафедра интихоб мегардад. Дар ин давра муалимони  ҷавон Ҳ. А. Зоиров, Д. К. Ҳакимова дар зери роҳбарии профессор А. Б. Бадалов рисолаи номзадии худро ҳимоя намудаанд.

Аз соли 2013 кафедраро н.и.х., дотсент Ҳ. А. Зоиров сарварӣ менамояд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

Қисме аз олимони намоёни ҷумҳурӣ ба монанди д.и.х. академик У.М. Мирсаидов, академик Х. Холиқов, н.и.х., дотсент А. Р. Қурбонов, д.и.х., академик Ҳ. С. Сафиев, н.и.х. дотсент Я. М. Самиев, д.и.х., профессор А. В. Ваҳобов, д.и.х., профессор С. С. Собиров, н.и.х., профессор Ф.Ф. Ниязи, д.и.х., профессор А. Б. Бадалов, д.и.х., профессор Б.С. Азизов, д.и.х., профессор А. Ш. Шарифов, д.и.х., профессор Н.К. Калонтаров, н.и.х., дотсент С. В. Абдукадирова, н.и.х., дотсент Г.М. Мирзоев, н.и.х., дотсент Г. К. Камолов, н.и.х., дотсент С. А. Ведяева, н.и.х., дотсент И. Б. Шоймуродов, н.и.х., дотсент Қ. Н. Назаров, н.и.х. А. Аброрхонов, н.и.х. Д. Т. Исоев , А. Ш. Шукуров ва дигарон фаъолияти илмию педагогиро аз кафедраи «Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ» оғоз намудаанд.

Аз ибтидои фаъолияти кафедра зери роҳбарии А. С. Сулаймонов ва О. Р. Қурбонов озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда шудаанд. Дар кафедра се озмоишгоҳи илмӣ: Тензиметрия, Калориметрия ва Рентген, ки то ҳол фаъолият доранд.

Дар ташаккул ва ғанигардонӣ нерӯи илмии кафедра саҳми академик У. М. Мирсаидов, н.и.х., дотсент О. Р. Қурбонов ва д.и.х., профессор А. Б. Бадалов ниҳоят зиёд аст.

Таҳти роҳбарии профессор А.Б. Бадалов зиёда аз 15 унвонҷӯй рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд: В. Қ. Маъруф, М. Икромов, М. С. Исломова, С. Ф. Раҷабов, А. Ш. Ҳаитов, Ҳ. А. Зоиров ва ғайраҳо.

Айни замон таҳти роҳбарии профессор А. Б. Бадалов омӯзгорон, кормандон ва унвонҷӯёни кафедра дар озмоишгоҳҳои илмӣ омӯзиши «Хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии моддаҳо», «Энергетикаи гидрогенӣ»-ро пеш бурда истодаанд.

Вобаста ба ин, зери роҳбарии профессор А. Б. Бадалов рисолаи номзадии унвонҷӯён Г. К. Рузматова, С. К. Насриддинов ва рисолаи доктории Б. Ғафуров дар арафаи дифоъ мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар асоси тадқиқотҳои илмии пешбурдашуда дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёда аз 20 мақолаю тезисҳо ба нашр расонида мешаванд.