Убайдуллоев Акрам Насруллоевич
мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент
+(992)-37-227-49-49; +(992)-918-61-90-87
Дар кафедра аз руи 33 фан, ки ба ихтисосҳои
- 360101 – Технологияи мошинсозӣ;
- 360103 – Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ;
- 360101-01 – Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштнокии фарсуданашавандагӣ ва барқароркунии деталҳои мошину аппаратҳо
дарс гузаронида мешавад.
Кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» дорои озмоишгоҳи ҳозиразамон мебошад. Мувофиқи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар кафедра озмоишгоҳи ҳозиразамони мошинсозӣ ташкил карда шуд. Озмоишгоҳ моҳи июни соли 2011 ба фаъолият шуруъ намуд. Озмоишгоҳ аз қитъаи тайёр намудани намунаҳо, қитъаи дастгоҳҳои универсалӣ, қитъаи дастгоҳҳои ғайрианъанавӣ, қитъаи дастгоҳҳои бо барномаҳои рақамӣ идорашаванда, қитъаи обутобдиҳии ҷузъҳои мошин, қитъаи лоиҳакашии компютерӣ ва қитъаи кафшергарӣ иборат аст. Дар ин қитъаҳо донишҷӯёни бахшҳои 2, 3, 4-и ихтисосҳои 360101-01-«Технологияи мошинсозӣ», 360103-01- «Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ», 360104-01 «Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштноки ба фарсудашавӣ ва барқарор сохтани қисмҳои мошинҳо ва аппаратҳо» корҳои озмоишӣ ва амалӣ аз фанҳои
- «Челонгарӣ»
- «Метрология стандартизатсия ва сертификатсия»
- «Гидравлика ва гидропневмоавтоматика»
- «Буриши масолеҳҳо»
- «Асбобҳои буранда»
- «Дастгоҳҳои металлбурӣ»
- «Асосҳои технологияи мошинсозӣ»
- «Асосҳои шаклсозии мошинҳо»
- «Равандҳои хурдашавии ҷузъҳои мошинҳо»
- «Равандҳои технологии ғайрианъанавӣ»
- «Эътимоднокӣ ва ташхиси системаҳои техникӣ»
- «Асосҳои назарияи соиш ва хурдашавӣ»
- «Технологияи истеҳсолоти автоматикардашуда»
- «Технологияи истеҳсолоти мощинсозӣ»
- «Асосҳои системаҳои лоиҳакашии автоматикардашуда»
- «Автоматикунонии равандҳои истеҳсолоти мошинсозӣ»
гузаронида мешавад.