Sairahmonov

Сайраҳмонов Раҳимҷон Ҳусейнович

мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

+(992)-906-22-96-96

Маълумоти мухтасар доир ба кафедра

Кафедраи «Сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» соли 2016 дар асоси базаи кафедраҳои “Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо” ва “Сохтмони роҳи оҳан, купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ” таъсис дода шуд, ки роҳбарии кафедраро н.и.т.дот. Сайраҳмонов Раҳимҷон Ҳусейнович ба уҳда доранд. Аз худи ҳамон сол сар карда  бакалавронро аз рӯи ихтисосҳои

  1. 700301-01 “Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо”
  2. 370205 “Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо”
  3. 700302-04 “Сохтмони купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ”

ва гурӯҳи магистронро аз рӯи ихтисоси

  1. 700301-01 “Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо”

дараҷаи квалификатсионии “Магистри техника ва технология” мутахассисонро тайёр менамояд.

Вазифаи асосии кафедраи “СРИ ва КН”

Ихтисоси 700301-01 “Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо” – дар корхонаҳои зерин бо вазифаи техник, муҳандис, лоиҳакаш, сохтмончӣ, ободонии роҳҳо ва кучаҳо, купруксоз, корманди Вазорати Нақлиёт ва Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (БДА) ва ғ.

  • Институтҳои лоиҳакашӣ;
  • Вазорати Нақлиёт;
  • Корхонаи сохтмони роҳу купрукҳо;
  • ВКД, БДА.
  • Раёсатҳои ободонии роҳҳо ва кӯчаҳо;
  • Муассисаҳои сохтмонӣ;
  • Баъди таҷриба ба корхонаҳои байналмиллалии сохтмони роҳ.

Ихтисоси 702302-04 “Сохтмони купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ” – дар корхонаҳои зерин бо вазифаи техник, муҳандис, лоиҳакаш, сохтмончӣ, ободонии роҳҳо ва кучаҳо, купруксоз, корманди Вазорати Нақлиёт, нақбсоз ва ғ.

  • Институтҳои лоиҳакашии роҳҳо, купрукҳо, нақбҳо;
  • Вазорати Нақлиёт;
  • Корхонаи сохтмони роҳу купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ;
  • Раёсатҳои ободонии роҳҳо ва кӯчаҳо;
  • Муассисаҳои сохтмонӣ;
  • Баъди таҷриба ба корхонаҳои байналмиллалии сохтмони роҳҳо, купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ.

Ихтисоси 370205 “Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо” – дар корхонаҳои зерин бо вазифаи техник, муҳандиси роҳи оҳан, лоиҳакаши роҳи оҳан, сохтмончӣ, корманди КВД “Роҳи оҳан” ва ғ.

  • Институтҳои лоиҳакашии роҳҳои оҳан ва қитоот;
  • Вазорати Нақлиёт;
  • КВД “Роҳи оҳан”;
  • Баъди таҷриба ба корхонаҳои байналмиллалии роҳҳои оҳани байналмиллалӣ.