Нарзуллоев Саидаҳмад Абдусаидович
декани факултет, дотсент, номзади илмҳои техникӣ
+(992)-900-54-84-84
Факултети Технологияҳои иттлоотӣ ва коммуникатсионӣ яке аз қисматҳои асосии илмию таълимии Донишгоҳ буда, мутахассисонро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва идоракунӣ тайёр менамояд. Факултети номбурда соли 2005 дар заминаи факултети энергетикӣ ташкил шудааст. Факултет аз 6 кафедра иборат аст:
- Кафедраи «Системаҳои автоматонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ»
- Кафедраи «Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот»
- Кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор»
- Кафедраи «Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот»
- Кафедраи «Математикаи олӣ»
- Кафедраи «Фанҳои Ҷомеашиносӣ»
Дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
- 1-530102 – «Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот»
- 1-530107 – «Технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ»
- 1-530101 – «Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯи самтҳо)»
- 1-400102-04 – «Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар кор кард ва пешниходи иттилоот)»
- 1-980101-0105 – «Амнияти автоматонии системаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ»
- 1-450103-02 – «Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот»
Дар факултет 831 донишҷӯ, аз ҷумла 610 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 221 нафар дар шӯъбаи ғоибона, ҳамчунин 33 магистрант таҳсил менамоянд. Ҳоло дар факултети «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» зиёда аз 110 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки 33 нафари онҳо докторон ва номзадҳои илм мебошанд.