Тайёр намудани мутахасисони соҳаи системаҳои автоматонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ (САКМ ва И) ҳануз дар солҳои 1979 оғоз гашта буд. Дар ҷодаи тайёр намудани мутахасисон нақши асосиро ихтисосмандони мазкур чунин шахсони барҷаста ба монанди Чекалин В.Г., Ли И.Т., Тимошенко Ю.А. ва дигар устодони онвақтаи кафедраи «Автоматика ва техникаи ҳисоббарор», ки дар ҳайати факултети энергетикӣ дохил мешуд, бозидаанд.
Инчунин дар тайёр намудани даври хониш, ташкил намудани базаи лабораторӣ, тартиб додани дастурамалҳои дарсӣ ва методӣ саҳми устодон Чекалин В.Г., Ли И.Т., Тимошенков Ю.А., Пучков В.Ф., Юнусов Н.И., Абдувасиева З.С., Набиев С.А., Шин В.В., Ҷалолов У.Х., Мухамадиев Б.М., Улмасов Х.У., Смирнов К.К., Спивак В.Н. ва дигарон хеле калон аст.
Ҳамзамон бо тарақиёти соҳаи технологияҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ талабот ба мутахасисони соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ хеле афзуд ва ҳамрадифи ин шумораи довталабони ин ихтисос дар байни ҷавонон ру ба ташаккул овард. Аз ин лиҳоз соли 1990 кафедраи «Автоматика ва техникаи ҳисоббарор» ба ду кафедра тақсим карда шуд – «Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ» ва «Информатика ва техникаи ҳисоббарор».
Ба вазифаи мудири кафедраи «Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ» номзади илмҳои техникӣ, дотсент Набиев С.А. с.1990 таъин гардид, ки дар ин вазифа то соли 2005 фаъолият намудааст. Соли 2005 кафедраи мазкур ба ҳайати факултаи навташкили «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» дохил гардид ва мудири он н.и.т., дотсент Юнусов Н.И. с.2005 таъин гардид ва то соли 2013 фаъолият намуд. Аз соли 2013 то 2017 кафедраро н.и.и., и.в.дотсент Назаров А.Ш. роҳбарӣ намуд.
Айни замон кафедраро н.и.т., и.в.дотсент Умаралиев Р.Ш. идора мекунад. Кафедра мутахасисони баландихтисосро аз рӯи 3 ихтисос – «Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот», «Технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ» ва «Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯи самтҳо)» тайёр менамояд.
Дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисон 12 нафар омӯзгорони штатӣ, 5 нафар омӯзгорони ҳамкории дохила ва 7 нафар омӯзгорони ҳамкории беруна фаъолият менамоянд. Аз ҷумла и.в. профессор Ли И.Т., номзадҳои илмҳои техникӣ, дотсентон – Набиев С.А., Юнусов Н.И., Ҷалолов У.Х., Шин В.В., номзадҳои илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Пиров Ф.С., Умаралиев Р.Ш., муаллимони калон – Саидов П.Х., Саидова М.С., Раҷабова А.С., Бандишоева Р.М., Бадалова М.А., Махмадов С.А., Турсунбадалов У.А., Холов Ш.Ё., Ҷовиди Ҷамшед, Ходжаев Р. ва ассистент – Давлатбекова Ш.Д. ва дигарон.
Имрӯз дар кафедра барои тайёр намудани мутахасисони бакалавр ва магистрҳо озмоишгоҳои замонавӣ, ки бо воситаҳои техникӣ муҷаҳазонидашудаанд истифода мешаванд. Ҳамаи компютерҳои озмоишгоҳҳо дар айни замон ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.