Кафедраи «Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсионӣ» 12 октябри соли 1996 мувофиқи фармони № 44 – 3/2 дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ташкил ёфта буд. Вазифаи асосии кафедра тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 6544 (200900) «Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсионӣ» мебошад.
Соли 2011 дар номгӯи ихтисос тағйирот дароварда шуд, ки минбаъд мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 450103-02 «Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот» тайёр мекунад.
Аз соли 1996 то 2001 мудири кафедра муаллимаи калон Тураева М.А. ва баъд номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ульмасов Хуршед Убайдуллоевич буданд. Аз соли 2001 то соли 2011 мудири кафедра дотсент, номзади илмҳои физика-математика Шохуҷаев Нуроншо буданд.
Аз соли 2011 то ҳол роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физика-математика, и.в. дотсент Оҷимамадов Имомназар Тавакалович. ба ӯҳда дорад.
Дар кафедра дар айни замон 13-то омӯзгори штатӣ кор ва фаъолият карда истодаанд, ки аз ҷумла 2-дотсент, 4- муаллими калон 7-ассистент мебошанд.
Ба кори омӯзгори аз берун дотсент, номзади илмҳои кимиё Холов А. муовини директории институти «Физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ. ҶТ. даъват шудаанд.
Истифодабарии озмоишгоҳҳои хусусӣ, базаҳои истеҳсолоти соҳаи алоқа барои дарсҳои озмоишӣ ва амалӣ дар раванди таълим имконияти баланд бардоштани мутахассисони ояндаро медиҳад.
Дар кафедра стансияҳои базавии ZXJ-10, стансияи радиорелегии GTT-8000, интиқолдиҳаки телевизионии канали сеюми метрии «Экран», комплекси қабулкунӣ ва интиқолдиҳии «Восход», олоти антеннию фидерии канали сеюми метрӣ, қабулкунаки маҳворавии «Xtorm HDMI» бо антеннаҳои намудҳои оинавӣ ва офсетӣ, АТСК, стенд барои АТС-и аналогӣ вуҷуд доранд.
Аз соли 2001 то ҳол кафедра аз рӯи ихтисосҳои 6544 (200900) Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсионӣ» ва 450103-02 «Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот» қариб 2500 мутахассисро тайёр намудааст. Қисми зиёди хатмкунандагон дар соҳаи алоқа ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкатҳои мобилии ҶСП «Tcell Индиго-Тоҷикистон», ҶСП «Babilon–M», ҶСП «Beeline», ҶСП «Тоҷик-тел», ҶСП «МЛТ Мегафон», ҶСП «ТК-мобайл» ҶСК «Телерадиоком», МРТ –и ш.Душанбе шабакаҳои телевизионии «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳонамо» ва дигар ширкатҳои алоқаи муассисаҳо кор карда истодаанд.
Ҳар сол ба ихтисоси 450103-02 довталабони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар дохил мешаванд.
Кафедра бо институти тадқиқотии «Институти Физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров» АИ ҶТ, ва бисёр корхонаҳои дигар ба монанди ҶСП «Тоҷиктелеком», ҶСП «Телерадиоком», МРТ-и ш. Душанбе, «МИМРТ№1» ш. Душанбе ҳамкориҳои зич дорад.