Давлатшоев Рашид Асанхонович
декани факултет, дотсент, номзади илмҳои техникӣ
Дар факултет ҳоло чаҳор кафедраи тахассусӣ ва як кафедраи умумикасбӣ фаъолият дорад:
- Кафедраи «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ»
- Кафедраи «Таркиби ҳаракаткунандаи роҳи оҳан»
- Кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ»
- Кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ»
- Кафедраи «Механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод»
Дар айни замон дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар шўъбаҳои рўзона ва ғоибона, аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
- 1-080101-09 — Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ). (рӯзона ва ғоибона);
- 1-3611.01 — Таҷҳизот ва нақлиёти роҳӣ, сохтмон ва борбардор;
- 1-3701.05 — Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ;
- 1-3701.06 — Истифодабарии техникии автомобилҳо, нақлиёти автомобилии истифодаи умум ва шахсӣ;
- 1-3702.02 — Ҳайати кашандагии нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо). (рӯзона ва ғоибона);
- 1-3704.01 — Истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳаррикҳо;
- 1-4403.02 — Ташкили ҳаракат дар роҳ (рӯзона ва ғоибона).
- 1-740603 – Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ
Айни замон дар факултет 920 донишҷӯ таҳсил намуда истодааст, ки аз онҳо 705 нафарашон дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Аз миқдори умумии донишҷӯён 725 нафар (78,8%) ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Ҷараёни таълимию тарбиявиро дар факулта 38 омўзгор пеш мебаранд, ки дар байни онҳо 1 профессор, докторони илм ва 15 дотсент, номзадони илм ҳастанд.
Дар муддати мавҷудияти худ факулта зиёда аз 6000 мутахассисонро барои комплекси автомобилию роҳсозии ҷумҳурӣ омода сохтааст.