Yunusov Mansur

Юнусов Мансур Юсуфович

мудири кафедра,номзади илмҳои техникӣ, дотсент

+(992)-93-448-83-99

Дар айни замон кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои

  1. “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ”
  2. “Истифодабарии техникии автомобилҳо”
  3. “Ташкили ҳаракат дар роҳ”
  4. “Таълимоти касбӣ”

омода месозад.

Ҳоло дар кафедра 5 нафар номзади илм, 6 нафар омӯзгори калон, 3 нафар ассистент ва 3 нафар корманди техникӣ кор карда истодаанд. Барои меҳнати софдилона дар тайёр намудани мутахассисони соҳа устодони кафедра бо мукофотҳои соҳавӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла 3 устоди кафедра бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.