Аз соли 1956 то соли 1969 дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон кафедраи «Механикаи техникӣ» фаъолият дошт, ки дар таркиби он фанҳои механикаи назариявӣ, муқовимати мавод ва назарияи чандирии ҷисмҳо, назарияи механизму мошинҳо ва ҷузъҳои мошин ва механикаи сохтмон шомил буданд. Мудири кафедраро он вақтҳо олими намоён Ли Тхя Дюн ба уҳда доштанд. Соли 1969 бо сабаби ташкил шудани кафедраи «Назарияи механизму мошинҳо ва ҷузъҳои мошин» ва баъдтар кафедраи «Механикаи сохтмон», дар таркиби кафедраи Механикаи техникӣ фанҳои механикаи назариявӣ, муқовимати мавод ва назарияи чандирии ҷисмҳо боқимонд.
Соли 1973 кафедраи «Механикаи назариявӣ» ва соли 1974 кафедраи «Муқовиматимавод» ташкилёфт. Якумин мудири кафедраи механикаи назариявӣ дотсент Ли Т.Д. ва баъд Бегиев Б.Б. ва мудири кафедраи муқовимати мавод дотсент Саидхоҷаев Т. буданд.
Тайи солҳои 1975-2000 дар кафедраи Механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод устодони зерин фаъолият намуда, барои тарақиёти кафедра ва тайёр намудани муҳандисонсаҳмиарзанда гузоштанд:
Дар кафедраи механикаи назариявӣ: Дар кафедраи муқовимати мавод:
[ Ли Т.Д.] – дотсент Саидхоҷаев Т.С. дотсент
Бегиев Б.Б. дотсент Веселовский Д. –дотсент
[Содиқов Х.М.]- муал.калон Леонтева М.Ф.
Помогаев С.Г. – дотсент [Майрансаев С.П.]
[ Муллоҷонов А.] муал. Калон [Султонов А.М.] – дотсент
[Асадов Ф.] – дотсент Ачилова З.Ҳ.
Мирзоалиев И.– дотсент Турсуновa М.Т.
Раҳматзодамуал. Калон Волков А.
Юдина Е.В муал. Калон Холиқова Т. – дотсент
Бегинина Е.Д муал. Калон Абдуллоев А.
Орифова Х. – дотсент Гулбеков Қ.Қ.
Туйчиев Н. – дотсент Комилов П. Х.
Ашеров Б.А. – дотсент
Иброҳимов И. ассистент
Тайи солҳои 1987-1998 сарвари кафедраи “Механикаи назариявӣ”- ро Туйчиев Н. васолҳои 1998-2010 Орифова Х. ба уҳда доштанд. Сарвари кафедраи «Муқовиматии мавод» — ро аз соли 1977 то 1988 Саидхоҷаев Т; солҳои 1977-1988 Веселовский Д.Н. ва солҳои 1988-1998 Султонов А.М. ба уҳда доштанд. Баъди фирор кардани бисёр устодони фанни муқовимати мавод аз республика кафедраи “Муқовимати мавод”-ро бо кафедраи “Механикаи сохтмон” якҷоя карданд. Дар соли хониши 2009/2010 фанни муқовимати маводро ба кафедраи механикаи назариявӣ дохил карда, номи кафедраро кафедраи «Механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод» номиданд. Мудирии кафедраро и.в. профессор Туйчиев Н. ба ӯҳда дошт.

Аз чап ба рост: Ашеров Б.А., Асадов Ф., Содиков Х.М., Бегинина Э.Д.,Тошматова Ш.,Рахматзода М.У., Помогаев С.Г., Муллоҷонов А., Бегиев Б.Б., Юдина Е.В., Иброҳимов И.
Бо қалами устодони кафедра зиёда аз 40 номгӯи дастурҳои методӣ ва адабиётҳои дарсӣ нашршуда, дастраси донишҷӯёни Донишгоҳҳои республика гардиданд. Аз он ҷумла нахустин адабиёти дарсӣ:
- Содиқов Х.М. «Маҷмӯаи масъалаҳо аз статика ва методи ҳаллионҳо», Душанбе-1995, 163 саҳ.
- Туйчиев Н. «Курси мухтасари механикаи назариявӣ», Душанбе, «Шарқи озод», 2005, 240саҳ.
- Туйчиев Н. «Маҷмӯаи супоришҳои курси аз механикаи назариявӣ», Душанбе, «Шарқиозод», 2005, 95 саҳ.
- Туйчиев Н; Содиқов Х; Орифова Х. «Маҷмӯаи масълаҳои мунтахаб аз механикаи назариявӣ», Душанбе, 2007, 222 саҳ.
- Саидхоҷаев Т. Луѓати мухтасари тафсири русӣ ба тоҷикии истилоҳоти муқовимати мавод, Душанбе, «Шарқиозод», 2008, 223 саҳ.
- Туйчиев Н; Содиқов Х. «Роҳнамои ҳалли масълаҳо аз механикаи назариявӣ», Душанбе, «Шарқи озод»,2009, 487 саҳ.
- Туйчиев Н. Шарипов Ф. «Маҷмӯаи саволу ҷавобҳо аз механикаи назариявӣ», Душанбе, «Шарқи озод», 2010, 115 саҳ.
- Саидхоҷаев Т. «Фасли мураккаби муқовимати мавод», Душанбе-2010, 40 саҳ.
- Туйчиев Н. Акрамов А. «Маҷмӯаи саволу ҷавобҳои тестӣ аз механикаи назариявӣ», Душанбе, «Шарқиозод», 2010, 115 саҳ.
- Саидхоҷаев Т. «Курси мухтасари муқовимати мавод». Душанбе. «Шарқи озод»,2011, 348 сах.
- Туйчиев Н. “Сборник тестов по теоретической механике”, изд. ТНУ, 2015г., 120 стр.
Ҷолиби қайдаст, ки ҳамаи ин китобҳои номбаршуда бо иҷозати Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ки тобҳои таълимӣ ва методӣ ба чоп тавсияшудаанд ва ботеъдоди зиёд нашр шуда, дастраси донишҷӯёни донишгоҳҳои техникӣ, технологӣ, аграрӣ, кӯҳӣ – металлургӣ, энергетикӣ, миллӣ , омӯзгорӣ ва коллеҷҳои муҳандисӣ шуданд.
Соли 2006 Туйчиев Н. барои навиштани силсила китобҳои дарсӣ доир ба механикаи назариявӣ ба забони тоҷикӣ барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф номзад пешниҳод шуда аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо тӯҳфаи арзанда қадрдонӣ карда шуд. Моҳимарти соли 2011 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникӣ Туйчиев Н. бароинавиштани китобҳои дарсӣ барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣибни Сино дар соҳаи илм ва техника пешбари када шуда буд.
Ҳоло дар кафедра устодони ҷавони болаёқат номзадҳои фанҳои техникӣ Акрамов А., Саидов М. ва устодон Тауров Э., Давлатов О., Шарипов Ф., Музафаров Х.Д., ки хатмкунандагони ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ мебошанд, фаъолият мекунанд.
Колективи кафедраи «Механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод» қарорҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ро ба амал татбиқ карда, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон, тарбия ва бароҳи дурусти илмомӯзи ҳидоят кардани онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда, саҳми худро барои тайёркардани кадрҳои баландихтисос барои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд.