ТАТБИҚИ СТАНДАРТҲОИ АВРУПОӢ ВА БАЙНАЛХАЛҚИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР МИСОЛИ ИХТИСОСИ  «ДАСТГОҲҲО ВА СИСТЕМАҲОИ БИОТЕХНИКӢ ВА ТИББӢ»

Маълумоти умумӣ:

Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.

         Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Созишномаи грантӣ №02/01 аз 30 ноябри соли 2018 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ  (ТАТБИҚИ СТАНДАРТҲОИ АВРУПОӢ ВА БАЙНАЛХАЛҚИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР МИСОЛИ ИХТИСОСИ  «ДАСТГОҲҲО ВА СИСТЕМАҲОИ БИОТЕХНИКӢ ВА ТИББӢ”) ба имзо расидаст.

 Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа:

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» дар зинаи бакалавриат ва магистратура мебошад.

Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият:

  1. Коркарди стандарт ва модули барномаҳо. Ин модулҳо бо таҷрибаи шарикони хориҷӣ ва талаботи муассисаҳои тиббӣ, ташхисӣ ва лаборатории маҳаллӣ ташкил мешаванд, бо стратегияи рушди тандурустӣ мувофиқ буда, бо омодакунии кадрҳои талаботии бозори меҳнат таъмин мегардад.
  2. Созмон додани заминаи илмӣ-теникӣ. Барои ташкил кардани озмоишгоҳҳо инчунин маслиҳати шарикон, аз он ҷумла дастраскунандагони дастгоҳҳои тиббӣ ба ҷумҳурӣ зарур мешавад. Ин имкон медиҳад, ки заминаи техникии шабеҳи клиникаҳо, озмоишгоҳҳо ва заводҳои воқеӣ кишвар дошта бошем. Дар ин маврид дар заминаи озмоишгоҳҳои ташкилшуда кормандони муассисаҳои тиббӣ, аз он ҷумла ҳамширагони тиббӣ метавонанд таҷриба ҳосил кунанд.
  3. Гузаронидани тренингҳо барои омўзгорон. Ин вазифа имкони баланд бардоштани дараҷаи касбии устодонро пеш аз оғози амалишавии барномаи магистрӣ бо назардошти таҷрибаҳои хориҷӣ ва шарикони маҳаллӣ медиҳад. Инчунин ҳангоми тренингҳо барномаҳои корӣ ё силлабуси модулҳои таълимӣ коркард мешаванд.
  4. Чопи адабиёти зарурӣ бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ). Бо назардошти он ки дар кишвар амалан адабиёти мувофиқ нест, васоити таълимӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ таҳия мешаванд, инчунин аз забони англисӣ низ тарҷима мешавад, ки ин имкони дастрасии маълумотро ба магистрон медиҳад.
  5. Гузаронидани маҳфилҳои ахборотӣ-равшаннамоӣ. Барои шиносоии хатмкунандагони зинаи якуми таҳсил (бакалаврҳо) таблиғот гузаронида мешавад, ки дурнамо ва имкониятҳои барномаи магистрии мазкур шарҳ дода мешаванд. Ғолибан ин ихтисос барои духтароне, ки мақсади кор дар муассисаҳои тиббӣ, ташхисӣ ва лабораториро доранд, низ мубрам аст.
  6. Гузаронидани семинарҳои илмӣ. Барои дастгирии имкониятҳои илмии магистрон семинарҳо бо иштироки шарикони хориҷию маҳаллӣ доир мегарданд. Ба ин семинарҳо намояндагони муассисаҳои гуногун низ барои мубодилаи таҷриба ва барқароркунии робитаҳо байни корфармоёни эҳтимолӣ ва хатмкунандагони барнома даъват мегарданд.
  7. Доир кардани машғулиятҳои амалии сайёр. Ин чорабинӣ ба магистрон имкони шиносоӣ бо доираи васеи дастгоҳҳои тиббию озмоишии дар муассисаҳои тиббӣ истифодашавандаро медиҳад.
  8. Доир кардани курсҳои такмили ихтисос. Бо талаби баъзе муассисаҳо, заводи протезӣ-ортопедӣ дар заминаи барномаи ташкилшуда таҷрибаҳосилкунӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кормандони ин муассисаҳо доир мешавад, ки он имкони такмили малака ва соҳиб шудан ба сертификатро ба онҳо медиҳад.

Муҳлати татбиқи лоиҳа:

Оғози лоиҳа: 30-11-2018                                   

Анҷоми лоиҳа: 30-11-2020                                 

              Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳа:

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

Сумма, сомонӣ

%

1.

Маблағи грант

2 662 550,90 

97%

2

Саҳми муассиса

82 380,00

3%

 

Ҳамагӣ

2 744 930,90 

100