Ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон 

Маълумоти умумӣ:

         Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.

         Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №12/02 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ  (Ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон)

 Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа:

Мақсади лоиҳа:  1. Ҷалби духтарон ба таҳсили ихтисосҳои муҳандисӣ, 2. Ташкили синфи компютерӣ

Вазифаи асосӣ

  • Ташкили тренингҳо (Training for trainers) бо иштироки шахсоне, ки дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ доранд, тренер-шарикон ҳам барои устодони ДТТ ва ҳам барои донишҷӯён, бо фиристонидан ба сафарҳои хидматӣ ба МТМ НТҶ ҶТ барои сафарбар намудани духтарон ба STEM. Баҳодиҳии муваффақият тавассути анкетапуркунӣ то ва пас аз тренинг гузаронида мешавад.
  • Ҷалби хатмкунандагони МТМ НТҶ ҶТ барои гирифтани маълумоти муҳандисӣ;
  • Бо воситаи ВАО паҳн намудани маълумотномаҳо оид ба муҳимияти таълими муҳандисии духтарон, таъсир ба мафкураи иҷтимоии онон. Волидон ва шахсони солхӯрда бояд ҳис намоянд. Натиҷа он аст, ки сафи дохилшавандагон аз ҳисоби духтарон меафзояд;
  • Дастгирии духтароне ки дар хобгоҳҳо истиқомат менамоянд, фароҳамоварии шароит оид ба истифодакунии компютер дар синфи компютерии яке аз хобгоҳҳо. Натиҷа он аст, ки малакаи истифода пайдо гардида, ба технологияи иттилоотии муосир наздик мегарданд.

 Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият:

  1. Чорбиниҳои ташкии оид ба ҷалби духтарон ба таҳсили ихтисосҳои муҳандисӣ
  2. Ташкили синфи компютерӣ дар хобгоҳи донишгоҳ

Муҳлати татбиќи лоиҳа:

Санаи оғози лоиҳа: 30-11-2018

 Санаи анҷоми назардоштаи лоиҳа: 30-11-2019

Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳа:

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

Сумма, сомонӣ

%

1.

Маблағи грант

269 961,4

97%

2

Саҳми муассиса

8210,00

3%

 

Ҳамагӣ

278171,40

100%